Дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия ҷаласаи Шурои Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иштирок намуд.
Дар ҷаласаи Шуро, ки таҳти раёсати Раиси Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ Вячеслав Володин баргузор гардид, раисони парлумонҳои давлатҳои аъзои СААД доираи масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро муҳокима намуда, доир ба масоили ҷорие, ки дар рӯзномаи созмон дар марҳилаи муосир матраҳ гаштаанд, мубодилаи афкор намуданд.
Дар назди иштирокчиёни ҷаласаи Шуро аз рӯи масъалаи рӯзнома Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода сухан гуфт. Иброз гардид, ки баргузории ҷаласаи имрӯза далели равшани ҳамкорӣ байни давлатҳои аъзои СААД мебошад, ки ғояи асосии он муттаҳидӣ ва якдилии ҳамаи давлатҳои аъзои ин созмон мебошад.
Маҳмадтоир Зокирзода Ҷумҳурии Беларусро ба муносибати раёсати бомуваффақияташ дар соли равон ва Ҷумҳурии Қазоқистонро бо қабули раёсати Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар соли оянда (2024) табрик намуда, изҳор дошт, ки Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Ассамблеяи парлумонии СААД аҳамияти хосса медиҳад. Имрӯз мо метавонем сатҳи баланди ҳамкории Тоҷикистонро бо давлатҳои аъзои Ассамблеяи парлумонӣ бо қаноатмандӣ иброз намоем.
Зимни суханронӣ дар иҷлосияи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии СААД дар шаҳри Минск Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарорҳои қабулшуда ҷиҳати беҳтар намудани вокуниш ба буҳрони Созмон тавассути ворид намудани тағйироти саривақтӣ ба ҳуҷҷатҳоро оид ба тартиби вокуниш ба буҳрон ҷонибдорӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки дар шароити босуръат тезутунд шудани вазъияти байналхалқӣ терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва ҷиноятҳои фаромарзӣ ба давлатҳои мо таҳдидҳои ҷиддӣ доранд. Мамлакати мо ин ҳодисаҳоро бо тамоми шаклу зуҳуроташон қатъиян маҳкум менамояд.
Дар ин замина мо ҳамчунин муҳимияти таҳкими амнияти марзҳои ҷанубии СААД, бахусус бо ҳадафи мубориза бо ҳаракати гурӯҳҳои террористӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар чолишҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллиро иброз медорем.
Ин ҳадафҳо баланд бардоштани самаранокии ҳамкории ҳарбӣ, ҳарбию иқтисодӣ ва ҳарбӣ-техникиро тақозо менамоянд.
Ҳамзамон дар рӯзномаи ҷаласаи Шуро 16 масъалаи мубрами рӯз баррасӣ гардида, аз рӯйи онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Дар кори ҷаласаи Шурои Ассамблеяи парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар шаҳри Москва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Давлатшо Гулмаҳмадзода иштирок намуд.