19 декабри соли 2023 дар шаҳри Москва ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва муовини Раиси Ҳукумати Русия Марат Хуснуллин баргузор гардид.
Дар ҷаласа самтҳои муҳими робитаҳои дуҷониба баррасӣ гардида, нақшаи ҳамкорӣ дар доираи Комиссияи байниҳукуматӣ барои соли 24 тарҳрезӣ карда шуд. Тарафҳо доир ба масъалаҳое, ки ҳалли таъҷилӣ талаб менамоянд, изҳори омодагӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ба густариши ҳамкории стратегӣ бо Русия дар тамоми самтҳои афзалиятнок манфиатдор буда, омода аст, ки минбаъд низ барои рушди ҳамкории муназзами байниҳукуматӣ тадбирҳои зарурӣ андешад.
Дар ҷараёни мулоқот санадҳои нави Комиссияи байниҳукуматӣ, аз ҷумла Протокол оид ба фаъолияти муштараки Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия ба имзо расид.
Ҳамчунин доир ба шароити сохтмон ва фаъолияти маркази таълимии кӯдакони лаёқатманд ва Театри драмавии ба номи Владимир Маяковский дар Душанбе созишномаҳои байниҳукуматӣ имзо карда шуд.