Cарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки имрӯз баргузор мегардад, дар шаҳри Москва қарор дорад.
Дар ҷаласа, аз ҷумла натиҷаҳои кори Шуро дар соли 2023 ва масъалаи нақшаи корӣ барои соли 2024 баррасӣ карда мешавад.
Ҳамчунин дар ҷаласа муқаррароти асосии Консепсияи раёсати Федератсияи Русия дар ИДМ дар соли 2024 пешниҳод мегардад.
Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил имзои изҳороти муштарак пешбинӣ шудааст.
Дар доираи сафар ба Федератсияи Русия Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҳамроҳ бо роҳбарони ҳайатҳои Русия, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон бо фаъолияти корхонаи қаннодӣ дар шаҳри Москва шинос шуд.