Баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон дар Донишгоҳи давлатии иҷтимоии Россия

12.12.2023 17:20

 

9 декабри соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии иҷтимоии Россия ба мақсади таҳкими дӯстиву бародарӣ ва омӯхтани фарҳангу маданияти башарӣ, рӯзҳои фарҳанги донишҷӯёни Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон баргузор гардиданд. 

Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи давлатии иҷтимоии Россия, доираҳои  илму фарҳанг, инчунин ҳамватанони  муқими Россия иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сипас, барномаи пурмуҳтаво ва ҷолиб, ки аз ҷониби донишҷӯёни Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон омода гардид буд, ҳозиринро бо фарҳанги пурғановат, мероси маънавӣ, санъат ва анъанаи беназири кишварҳои форсизабон - Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон ошно сохт. Мусиқии ноби тоҷикӣ, оҳангҳои дилнишин ва рақсҳои зебои донишҷӯёни тоҷик, аҳли нишастро дар фазои зебогӣ ва пурнишоти Тоҷикистон қарор дод.

Баъд аз қисми расмии чорабинӣ филми мустанад оид ба фарҳанги волои кишварҳои форсизабон - Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон  манзур гардида, ҳунарҳои мурдумӣ, ғизоҳову либосҳои миллии Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон ба иштирокдорони ҳамоиш муаррифӣ гардиданд. Дар фарҷоми чорабинӣ ба  меҳмонон дастурхони идона ороста шуд. 

Бояд гуфт, ки дар Донишгоҳи давлатии иҷтимоии Россия (РГСУ) шумораи донишҷӯёни тоҷик 67 нафарро ташкил медиҳад. 

Айни ҳол  дар Донишгоҳи мазкур донишҷӯёни беш аз 65 кишвари ҷаҳон таҳсил мекунанд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg