Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шурои иқтисодии ИДМ дар Москва

08.12.2023 22:59

 

8 декабри  соли 2023 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода дар ҷаласаи 100-уми Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуд.

Сарони ҳайатҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории иқтисодӣ дар доираи ИДМ табодули афкор намуда, лоиҳаҳои санадҳоеро, ки ба  таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисод ва соҳаи иҷтимоӣ равона шудаанд, ба мувофиқа расониданд.

Роҷеъ ба ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа қарорҳои дахлдори Шӯро қабул гардиданд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg