Мулоқот бо донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи иқтисодии Россия ба номи Г. В. Плеханов

01.12.2023 20:11

1 декабри соли 2023 мулоқоти кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари иқомат бо проректори Донишгоҳи иқтисодии Россия ба номи Г. В. Плеханов Володина Светлана Вячеславовна, инчунин донишҷӯёни тоҷик, ки дар Донишгоҳи мазкур таҳсил менамоянд, баргузор гардид.

Ҷонибҳо масъалаи таълиму тарбияи донишҷӯёни тоҷикро дар Донишгоҳи мазкур мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар рафти мулоқот бо донишҷӯёни тоҷик дар мавзӯи дастовардҳои Тоҷикистон дар давраи 32 соли Истиқлолият, таблиғи худшиносиву худогоҳӣ, ҳифзи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ ва ҳувияти миллии ҷавонон маълумот манзур гардид. Дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароҳамсозии шароити мусоид барои таҳсил ва рушди минбаъдаи ҷавонон, ба вежа таъкид гардид.

Ба донишҷӯён маслиҳат дода шуд, ки аз шароити мусоиди фароҳамомада барои андӯхтани дониш ва рушди ҳамаҷонибаи малакаашон  истифода баранд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин  масоили мавриди таваҷҷӯҳи ҷавонони тоҷик, низ баррасӣ гардид.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg