Дар шаҳри Москва ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир гардид

24.11.2023 19:11

24 ноябри соли 2023 дар Сафорати Тоҷикистон дар Россия ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ бургузор шуд.

Сафири Тоҷикистон дар Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҳозиринро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, қайд кард, ки дар радифи Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ, Парчам ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ба  арзиши муқаддаси маънавии ҷомеаи тоҷикон табдил ёфта, дар тақвияти ҳисси ифтихор ва худшиносии миллӣ, эҳёи анъанаҳои давлатдорӣ, сарҷамъ ва муттаҳид гардонидани мардуми Тоҷикистон саҳм гузоштааст.

Воқеан, Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди худшиносу худогоҳ ва ватандӯсту меҳанпарасти кишвар ба ҳисоб рафта, ҳар сол бо камоли ифтихору эҳтиром нисбат ба ин рамзи давлати соҳибистиқлоламон таҷлил мегардад.

Д.Гулмаҳмадзода аҳаммияти тарбияи насли ҷавононро дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангии халқи тоҷик ва Парчами давлатиро ҳамчун рамзи ҷовидонии ифтихори миллӣ махсус таъкид намуд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg