17 ноябри соли 2023 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар мулоқоти сафирони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Сергей Лавров иштирок кард.
Зимни мулоқот дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷанбаи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Россия ҳам дар заминаи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби иттиҳодияҳои ҳамгироӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, иштироккунандагон масоили ҳамкориҳо дар формати “Осиёи Марказӣ-Россия” ва татбиқи натиҷаҳои саммити нахустини онро, ки 14 октябри соли 2022 дар шаҳри Остона баргузор шуда буд, матраҳ карданд.
Ҳамчунин оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.