7 сентябри соли 2023 дар шаҳри Москва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ботантана ва шукуҳи хос таҷлил кард.
Дар чорабинии тантанавӣ аъзои Шӯрои Федератсия, вакилони Думаи давлатӣ, аъзоёни Ҳукумати Федератсияи Россия, роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар намояндагони мақомоти давлатии Федератсияи Россия, сафирони кишварҳои хориҷӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма, аҳли илму фарҳанг, инчунин ҳамватанони муқими Россия иштирок намуданд.
32 сол муқаддам Тоҷикистон ба истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ ноил гардид ва имкон пайдо кард, ки роҳи минбаъдаи худро ба сӯи рушду шукуфоӣ мустақилона интихоб намояд. Инак, имрӯз Тоҷикистон бо қадамҳои устувор, зери ливои соҳибихтиёрӣ ва роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешрафт мекунад.
Сафири Тоҷикистон дар Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни суханронии табрикотиаш қайд кард, ки ба даст овардани истиқлолият дар таърихи халқи тоҷик як воқеаи сарнавиштсоз дар роҳи бунёди давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, демократӣ буда, ҳамзамон эҳёи анъанаҳои миллӣ ва пояҳои давлатдорӣ мебошад.
Бо ёдоварӣ аз дастовардҳои муҳимтарини давлат дар солҳои истиқлолият, нақши афзояндаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, инчунин муносибат ва ҳамкорӣ бо Федератсияи Россия зикр гардид.
Таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст. 14-уми декабри соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун «Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо», ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард. Мувофиқи ин қатънома дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзӯъ соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад. Мояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як тоҷику тоҷикистонист, ки панҷумин ташаббуси ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси ҷаҳон амалӣ хоҳад шуд.
Воқеан, Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик бузургтарин арзиш ва сарвати миллӣ аст.
Дар назди ҳозирин, инчунин аз номи Федератсияи Россия Муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Россия Михаил Юревич Галузин суханронӣ кард. Мавсуф ҳозиринро ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба мардуми дӯсти тоҷик сулҳу осоиш ва шукуфоӣ таманно намуд.
Чорабиниро барномаи ҷолиби консертӣ, ки таҷассумгари таърихи бостонӣ, фарҳанги ғанӣ ва бозгуй аз анъанаҳои деринаи халқи тоҷик буд, пуршукуҳ гардонид. Ҳамзамон ба меҳмонон филмҳо ва наворҳо дар бораи дастовардҳои бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи 32 соли Истиқлолияти давлатӣ, инчунин мавзеҳои беҳтарини сайёҳии кишварамон манзур гардид.
Дар доираи чорабинӣ ҳамчунин дар саҳни толори меҳмонхонаи «The Ritz-Carlton» намоишгоҳи молу маҳсулоти Тоҷикистон ва ҳунарҳои мардумӣ пешкаши меҳмонон карда шуд.
Чорабинӣ дар фазои идона ва дӯстона доир гашт.