Таърих

06.04.2021 17:00

Таърихи қаламрави имрӯзаи Тоҷикистон аз замонҳои қадим сарчашма  мегирад. Аз  тарафи бостоншиносон пайдо  кардани нигораҳои таърихӣ аз мавзеи Тутқавули шафати шаҳри Норак, ки ба давраи мезолит тааллуқ доранд, аз куҳанбунёд будани сарзамини Тоҷикистон шаҳодат медиҳад. Побарҷо будани кӯҳистони кишвар ба асри санг рабт дорад. Тасдиқкунандаи ин гуфтор қароргоҳи дамгирии шикорчиёни оворагарди Помири Шарқӣ мебошад, ки дар баландии 4200 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст ва бо номи “Ошхона” ёд мешавад. Кандакориҳои рӯи сангҳо дар шакли ҳайвоноти ваҳшиву шикорчиён, инчунин пайи тирҳо бозгӯйи онанд, ки  тоҷикон дар замонҳои қадим на танҳо ба шикорчигӣ, балки ба чорвопарварӣ ва зироатпарварӣ низ машғул будаанд.

Таърихи давлатдории тоҷикон аз нимаи аввали ҳазораи яки пеш аз мелод оғоз ёфта, дар он замон қадимтарин давлатҳои Бохтар ва Суғд ба вуҷуд омадаанд, ки сохти ғуломдорӣ доштаанд. Бохтар қисматҳои марказӣ, ҷанубӣ ва ҷанубу шарқии қаторкӯҳҳои Ҳисор ва Суғд обанбори  Зарафшон, Қашқадарё ва минтақаҳои шимолии қаторкӯҳҳои Ҳисорро дар бар мегирифт.

Дар асри 4-и пеш аз мелод  Бохтар ва Суғдро подшоҳи сарзамини Форс Куруш забт кард ва ба империяи пурқудрати ҳахоманишӣ дохил намуд. Пас аз ин набардҳои мусаллаҳона идома ёфтанд ва заминҳои фарохи Форс ба ҳайати давлати Селевкиёни ба Искандари Мақдунӣ дахлдор дохил карда шуданд. Бо гузашти солҳо салтанати Юнону Бохтар аз ҳайати давлати Селевкиён баромад, ки қаламрави Тоҷикистони муосирро дар бар мегирифт.

Дар миёнаҳои асри 2- и пеш аз мелод қабилаҳои маҳаллӣ аз зери юғи юнонӣ раҳо ёфтанд. Дар ин кор ба онҳо қабилаҳои бодиянишини аҷнабӣ –тохарҳо кумак расонданд. Аз  ин рӯ онҳо зимомдорони  қонунбарори ҳаёти сиёсии кишвар мегарданд. Ҳамин тавр Бохтар номи Тохаристонро мегирад. Ба ақидаи муаррихон, махз дар ҳамин давра миллати тоҷик ташаккул меёбад.

Пас аз он ки Тохаристон дар якҷоягӣ бо аксари сарзаминҳои Осиёи Миёна, Афғонистон ва Ҳиндустони Шимолӣ ба қисми империяи Кӯшониён дохил мегардад, саҳифаи нав дар таърихи ин давлати дарозумр кушода мешавад. Пайвастан ба давлати Кӯшониён ба рушди қабилаҳои Осиёи Миёна таъсири судбахш мерасонад. Он айём фарҳанг рушд кард, иқтисодиёт болоравии бесобиқаро аз сар гузаронд, тиҷорат бо Аврупои Шарқӣ, Чин ва Рим хуб ба роҳ монда шуд.

 Дар асри 6-и пеш аз мелод дар ҳудуди Осиёи Марказӣ салтанати Ҳоқонии Турк оғоз шуд. Сохти ҷамъиятӣ комилан феодалӣ мегардад ва  ба табақаҳои болоӣ ва поёнӣ тақсимбандӣ мешавад. Ин раванд ба пешрафти фарҳанг мусоидат мекунад.

 Нимаи дувуми асри 7 як саҳифаи нав дар таърихи Осиёи Миёна боз гардид. Тохтутози араб ба ин хок ва реша давондани аъроб дар ин сарзамин шурӯъ шуд. Халқҳои Осиёи Миёна дар зери зулми истилогарон қарор гирифтанд. Барояшон қабул кардани фарҳанги бегона, забон, дин, андозҳои вазнин ва амсоли инҳо басо гаронӣ мекард. Ин буд, ки бо ҳар восита мехостанд исён бардоранду озод шаванд. Маҳз дар ҳамин давра вожаи тоҷик бо тоҷдор муродиф шуд.

Дар асрҳои 9-10 давраи таърихии давлатдории Сомониён оғоз меёбад. Дар ин давра ҳунармандиву тиҷорат, фарҳанг, адабиёт ва санъат, илму маърифат пешрафти чашмрас мекунанд. Муҳимтарин ва асоситарин бурди давлатдории Сомониён он буд, ки забони тоҷикӣ маҳз дар давраи салтанати онҳо  мақоми баланд касб кард ва ҳокимиятдорӣ дигар бо ин забон пеш бурда мешуд.

 Дар асрҳои 10-11 қисматҳое аз ҳудуди  Тоҷикистон дар давлатҳое чун Ғазнавиён, Қарахониён, Қарахитоиён ҷой доштанд.

 Дар асри 13, баъди истилои муғул, ҳудуди Тоҷикистон ба вулуси Чағатойи давлати Муғулистон дохил карда шуд.

 Дар асрҳои 14-15 Тоҷикистонро ба ҳайати давлати калони Темуриён дароварданд. Ин давра ба замони густариши илм, аз ҷумла илми нуҷумшиносӣ, адабиёт ва санъат рост меояд.

  Дар асри 16 Тоҷикистонро ба давлати Шайбониён пайвастанд. Он замон дар давлати Шайбониён хонигариҳои Бухоро,  Хева ва андаке дертар хонигарии Қуқанд  таъсис дода шуданд. Онҳоро хонҳои сулолаҳои Ӯзбекистон идора мекарданд.

Тоҷикон дар хонигариҳои Бухоро ва Қӯқанд зиндагӣ мекарданд. Хонҳо бо ҳам душманӣ меварзиданд, байнашон ҳамеша ҷанг мерафт. Табақабандии синфии ҷомеа шиддат гирифта буд. Ин ҳама, соли 1868 ба охир расид, дар ҳамон давроне, ки Тоҷикистон ба ҳайати империяи Россия, ҳамчун як қисми таркибии генерал- губернатории Туркистон, дохил мешавад. Қисми шимолии кишвар ба Россия ҳамроҳ карда шуд ва  қисми ҷанубӣ-Аморати Бухоро низ дар тобеияти Россия боқӣ монд.

 Соли 1895 тибқи созишномаи давлатҳои Россия ва Англия масъалаи сарҳади қад-қади дарёи Панҷ байни Аморати Бухоро ва давлати Афғонистон ҳаллу фасл шуд.

Қисматҳои ҷанубу шарқӣ ва марказии Тоҷикистони имрӯза-Бухорои Шарқӣ ва Помири Ғарбӣ ҷузъи Аморати Бухоро монданд. Қисмати чапи дарёи Панҷ, бо шумули манотиқи Дарвоз, тарафи чапи Вахон, Ишкошим, Шуғнон ва Рӯшони Бадахшон ба давлати Афғонистон дода шуданд. Ҳамроҳшавии мардуми ин тарафи сарҳад ба Россия боиси пешрафт кардани ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва  фарҳангии сокинон гардид. Дар навоҳии шимолии Тоҷикистон, ки ба Туркистон дохил буданд, Ҳокимияти Шӯравӣ моҳи ноябри соли 1917 барқарор карда шуд. Соли 1920 Аморати Бухоро сарнагун гардид ва Ҷумҳурии халқии Шӯравии Бухоро ташкил ёфт.

 Соли 1924, дар натиҷаи тақсимоти ҳудудиву маъмурии Осиёи Миёна, дар ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷумҳурии мухтори Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ташкил дода шуд. Худуди ҷумҳурӣ 12 волости қаламрави Туркистон, Бухорои Шарқӣ ва як қисми Помирро дар бар мегирифт. 

 5 декабри соли 1929 Тоҷикистон ба яке аз ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ табдил ёфт. Марказҳои асосии сиёсиву фарҳангии он  Бухорову Самарқанд дар ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон монданд.    

 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро ба даст овард. Баъди соҳибистиқлол шуданаш кишвар  ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд.

 Соли 1997 Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва зиндагии осоиштаи мардум оғоз ёфт.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg