Бинои Сафорати Тоҷикистон –хонаи таърихие дар маркази Москва

06.04.2021 17:12

Таърихи сохтмони бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ба асри 19 рабт дорад. Дар гузашта дар ин макон хонаи хурди чӯбине ҷойгир буд, ки он ба хонаводаи Ступишинҳо тааллуқ дошт. Ин хонавода рамзи муҳим дар таърихи мусиқӣ ва театри классикии рус ба ҳисоб меравад. Соли 1869 бастакори шинохтаи рус Александр Бородин, барои аёдати холаи ҳамсараш, ки аз пайвандони Ступишинҳо буд, ба ин хона омадааст. Бастакор маҳз дар ҳамон вақт романси машҳураш ”Баҳр”-ро навишт ва ба эҷоди операи “Шоҳзода Игор” шурӯъ кард. Ӯ инчунин бо пешниҳоди мунаққиди маъруфи соҳаи мусиқишиносӣ Владимир Стасов ба эҷоди симфонияи дувум бо номи  “Баҳодурона” оғоз бахшид.

Ҳамчунин бояд зикр кард, ки дар ин хонаи таърихӣ, дар соли 1895, яке аз асосгузорони театри бадеии Москва Владимир Немирович-Данченко зиндагӣ кардааст. Ҳолдонҳо тахмин мезананд, ки коргардони бузург маҳз аз ҳамин хона ба тарабхонаи “Славянский базар” рафта, дар он ҷо тасмим гирифтааст, ки ҳамроҳ бо драматург Константин Станиславский Театри бадеӣ таъсис диҳанд.

Дар солҳои 1899-1900 дар ин   макони таърихӣ барои ҳамсари соҳибкори машҳур Яков Андреевич Рекк–Вилгелмина Ивановна Рекк хонаи тарҳи нави классикӣ сохта шудааст. Рекк –асосгузори “Ҷамъияти саҳҳомии сохтмон ва тиҷорати Москва” аз ҳисоби  сохтани бинои боҳашамати замонавӣ бо тарзи услуби классикӣ барои сарватмандони шаҳри Москва сармоя ҷамъ меовард. Ин бино дар ибтидои асри 20 яке аз иморатҳои зеботарин дар шафати Гранатний буд. Бинои мазкур бо услуби дар он замон маъмули нео-юнонӣ ва унсурҳои нео-классик бунёд гардид. Лоиҳакаши сохтмон  меъмори машҳур Владимир Шервуд будааст.

Намуди берунии биноро бо гаҷкории аҷибе оро додаанд. Нақшҳои ҷолиби таҷассумгари давраи антиқа сутунҳо ва вассаҳои хонаро зиннат мебахшиданд. Иморат то ҳанӯз ҳам қисме аз ороишоти рамзноки онзамонаро ҳифз кардааст. Айни ҳол ин бино  ба сифати   Намояндагии дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия хизмат мекунад ва намуди пешинаашро қисман нигоҳ доштааст.

 Гуфта мешавад, ки тарафи рости бинои таърихӣ соли 1905 аз тарафи  меъмори дигари шинохтае бо номи Владимир Адамович Рекка васеъ гардидааст.

Бо гузашти солҳо бинои мутааллиқи оилаи Реккҳо, баъди такмил  ёфтанаш, ба Николай Протапопов-шахсияти олирутба, тоҷири гилдияи якум, сарпарасти санъати Москва фурӯхта шуд. Ӯ шахсе буд, ки дар миёни аҳолӣ  ба ҳайси  узви фахрии Шӯрои ятимхонаҳо ва маблағгузори  дар қомат афрохтани бинои Осорхонаи санъати тасвирӣ (феълан Осорхонаи санъати тасвирии ба номи А.С. Пушкин) ном бурда мешуд.

Бо ба амал омадани Инқилоби соли 1917, набзи иморат тағйир ёфт. Бино аз ҷониби болшевикон миллӣ кунонида шуд ва дар дохилаш Комиссариати ҳарбии РСФСР, мақомоти давлатӣ оид ба артиш ҷой гирифт.

Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳарчанд имрӯз ин бино чун дафтари кории Сафорати Тоҷикистон дар Россия амал мекунад, аммо ҳанӯз ҳам тарҳи пештараи худро қариб ки аз даст надодааст. Аз он ҷумла нақши қадамҳои “падар”-и Гвардияи Сурх, раиси Шӯрои инқилобӣ, яке аз тарғибгарони асосии ғояҳои ВКП(б) Лев Тротский то ҳоло дар зинапояҳои баланди мармарини бино боқӣ мондаанд. Ин ба он хотир  аст, ки маҳз дар ҳамин бино ғалабаи болшевикон дар солҳои Ҷанги гражданӣ таҷлил гардида буд.

Пас аз ба охир расидани ҷанг, иморат барои эҳтиёҷоти Дипломатияи Шӯравӣ хизмат мекард ва солҳои тӯлонӣ чун хобгоҳи Интернатсионали сурхи Иттифоқҳои касаба истифода бурда мешуд.

Дар давраи Иттиҳоди Шӯравӣ бино ба ихтиёри Намояндагии Тоҷикистони Шӯравӣ гузошта шуд ва баъди пошхӯрии СССР, инак, ин иморат дафтари кории Намояндагии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия мебошад. Феълан бахши дохилии иморат қисман тағйир ёфта, намои шарқиёна гирифтааст ва бо унсурҳои миллии тоҷикӣ оро дода шудааст.   Бино таърихӣ буданашро ҳанӯз ҳам аз даст надодааст.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg