Шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ
ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси “Қоидаҳои барасмиятдарорӣ ва додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоот ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон” дода мешавад.
(қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2020 № 687, аз 26.12.2024 № 682, аз 06.02.2025 № 85)
Шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ аз тарафи муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зерин дода мешавад:
- шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷӣ;
- Шаҳодатномаи таваллуд ва нусхаи он барои шаҳрвандони то синни 16;
- нусхаи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қабул ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё маълумотномаи тасдиқкунандаи соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст.
Дар сурати аз ҷониби шаҳрванд бинобар сабабҳои узрнок (дуздидан, гум кардан, фарсуда шудан ва ғайра) пешкаш карда нашудани ҳуҷҷатҳои болозикр, шиносномаи хориҷӣ пас аз мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хулосаи роҳбари муассисаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
Ҳангоми барасмиятдарории шиносномаи хориҷӣ муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадоранд, ки мансубияти муроҷиаткунандаро ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мансуб набудани ӯро ба шаҳрвандии давлати дигар муайян намоянд. Дар ҳолати ба шаҳрвандии давлати дигар мансуб будани муроҷиаткунанда, агар тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ба ӯ додани шиносномаи хориҷӣ рад карда мешавад.
Дар ҳолати ба миён омадани мушкилоти техникӣ ва масъалаҳои дигаре, ки санҷиш ё пешниҳоди маълумоти иловагиро бо мақсади додани шиносномаҳои хориҷӣ талаб менамояд, муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд, ки ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барасмиятдарории шиносномаи хориҷӣ дархост ирсол намоянд. Тартиби пешниҳод намудани дархостҳо барои барасмиятдарории шиносномаҳои хориҷӣ аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Барасмиятдарории шиносномаи хориҷӣ ба шаҳрванди то 16-сола дар асоси ризоияти хаттии дар нотариат ё муассисаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшудаи падар ё модар, фарзандхондкунанда, васӣ, парастор ё шахсони дигари онҳоро ивазкунанда анҷом дода мешавад. Дар ҳолатҳои дигар, инчунин дар ҳолати норозигии падар, модар, фарзандхондкунанда, васӣ, парастор ё шахсони дигари онҳоро ивазкунанда барои додани шиносномаи хориҷӣ ба шаҳрванди то 16-сола, масъала бо тартиби судӣ ҳал карда мешавад (қарори Ҳукумати ҶТ аз 31.12.2020 № 687).
Ҳангоми барасмиятдарории шиносномаи хориҷӣ аз ҷониби кормандони мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба додани шиносномаҳои хориҷӣ ариза барои гирифтани шиноснома дар шакли электронӣ хонапурӣ карда мешавад.
Дар ҳолати гум шудани шиносномаи хориҷӣ дар хориҷа, ба шаҳрванд дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ва пас аз гузаронидани санҷишҳои махсус оид ба муайян намудани шахсияти муроҷиаткунанда шиносномаи хориҷии нав ё барои бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатномаи бозгашт дода мешавад.
Тибқи “Қоидаҳои барасмиятдарорӣ ва додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии иттилоот ва шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дархостҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани шиносномаҳои хориҷӣ дар муддати 15 рӯзи корӣ баррасӣ карда мешаванд.
Ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар ҳолатҳои зерин муваққатан барои додани шиносномаи хориҷӣ рад карда шавад, агар шаҳрванд:
- ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноят дастгир шудааст ё ба сифати айбдоршаванда ба ҷавобгарӣ кашида шудааст, то баровардани қарор аз рӯи парванда ё қувваи қонунӣ пайдо намудани ҳукми суд;
- барои содир кардани ҷиноят маҳкум шуда бошад, то адои (иҷрои) ҷазо ё то озод шудан аз ҷазо, ба истиснои маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян;
- аз иҷрои уҳдадориҳои ба зиммааш гузоштаи суд саркашӣ кунад, то иҷрои уҳдадориҳо ё то ба мувофиқа расидани тарафҳо;
- маълумоти бардурӯғ дода бошад;
- нисбати ӯ иҷрои қарори суд оид ба манъи муваққатии баромадан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шуда бошад - то бекор кардани манъкунӣ;
- дар кофтукови ҷиноятӣ барои содир намудани ҷиноят қарор дошта бошад;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда бошад - то ба итмом расидани муҳлати адои хизмати ҳарбӣ.
Ҳангоми ҷой доштани ҳолатҳои болозикр, ба шаҳрванд ҷавоби хаттӣ пешниҳод мегардад, ки дар он асосҳо ва муҳлати маҳдудияти додани шиноснома зикр карда мешавад.
Тартиби барасмиятдарорӣ ва додани шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шаҳодатномаи бозгашт ҳуҷҷати муваққатии муайянкунандаи шахсияти шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳуқуқи ӯро барои бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд, ки ба муҳлати на зиёда аз 60 рӯз дода мешавад.
Шаҳодатномаи бозгашт аз ҷониби муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳолати мавҷуд набудани муассисаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ё он давлат, аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин дода мешавад:
- аризаи муроҷиаткунанда, ки намунааш аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ таҳия ва тасдиқ мегардад;
- маълумотномаи шуъбаи корҳои дохилӣ ё мақомоти дигари дахлдори давлати иқомати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба далели муроҷиати ин шаҳрванд оид ба гум шудани шиноснома;
- ҳуҷҷатҳое, ки шахсият ва мансубияти муроҷиаткунандаро ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд (шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шаҳодатномаи таваллуд, билети ҳарбӣ, шаҳодатномаи шахсияти хизматчии ҳарбӣ, билети ҳарбии офитсери захира). Дар ҳолати набудани ҳуҷҷатҳое, ки шахсият ва мансубияти муроҷиаткунандаро ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамоянд, шаҳодатномаи бозгашт дар асоси нусхаи шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё нусхаи шиносномаи хориҷӣ (баъд аз санҷиши аслияти онҳо) ва дар сурати набудани онҳо дар асоси нусхаи шакли №1 ва ё маълумотнома аз махзани ягонаи таҳияи шиносномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- шаҳодатномаи тиббӣ дар бораи таваллуди кӯдак то яксолагӣ расидани кӯдак, агар Шаҳодатномаи таваллуд дода нашуда бошад;
- 2 акси рангаи андозааш 3х4 мм;
Дар ҳолати пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои зикршуда шаҳодатномаи бозгашт бе мувофиқаи иловагӣ дода мешавад.
Дар ҳолати мавҷуд набудани ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи банди болозикр, корманди ваколатдори муассисаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муайян намудани шахсияти муроҷиаткунанда ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мустақиман ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё ба сохторҳои маҳаллии он муроҷиат менамояд.
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои ҳудудии он дар давоми на кам 5 рӯзи тақвимӣ чорабиниҳои заруриро оид ба муайян кардани шахсияти шахси муроҷиаткунанда гузаронида, оид ба натиҷаи он ба мақомоти ваколатдори давлатии дархосткарда ҷавоб ирсол менамояд.
Муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз муқаррар кардани шахсият ва муайян намудани мансубияти шахси муроҷиаткунанда ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатномаи бозгашт медиҳанд.
Муҳлати баррасии дархости додани шаҳодатномаи бозгашт аз 10 рӯзи тақвимӣ зиёд буда наметавонад. Дар ҳолатҳои зарурӣ (санҷиши иловагии ҳуҷҷатҳо), муҳлати баррасии муроҷиатнома метавонад аз ҷониби роҳбари муассисаи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати на зиёда аз 10 рӯз тамдид карда шавад.
Шаҳодатномаи бозгашт танҳо барои баргаштани шаҳрванд ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуда, барои будубош дар хориҷа асос шуда наметавонад.
Дар ҳолати номумкин будани баргаштани шаҳрванд дар муҳлати муқарраргардида (ҳолатҳои фавқулода, бемории вазнин ва ҳолатҳои дигари аз шаҳрванд вобаста набуда), шаҳодатномаи бозгашт дар асоси аризаи асосноки шаҳрванд ва ё дархости асосноки мақомоти дахлдори кишвари хориҷӣ ё созмони байналмилалӣ бо замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда метавонад дар ҳолатҳои истисноӣ дубора ба муҳлати 30 рӯз содир карда шавад.
Шакли шаҳодатномаи бозгашт аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва тасдиқ карда мешавад.