Иштироки Тоҷикистон дар XXXII Намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии китоб ва симпозиуми адибон бо номи "Нависанда ва замон"

13.03.2025 22:37

12-13 марти соли 2025 ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳои муҳими фарҳангии шаҳри Минск — маросими ифтитоҳи ботантанаи XXXII Намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии китоб ва Симпозиуми байналмилалии адибон бо номи "Нависанда ва замон" иштирок намуд.

12 март дар пойтахти Ҷумҳурии Беларус XXXII Намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии китоб ботантана ифтитоҳ гардид. Имсол намоишгоҳ зиёда аз 500 иштирокчиро аз беш аз 20 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои ИДМ — Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Россия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон, инчунин кишварҳои Бразилия, Венесуэла, Олмон, Эрон, Туркия, Сурия, АМА ва дигар давлатҳоро муттаҳид намуд.

Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус дар чорабинӣ павилёни Тоҷикистон ташкил карда шуд, ки меҳмонон тавонистанд бо мероси ғании адабии кишвар шинос шаванд. Дар стенд ҳам асарҳои классикони адабиёти тоҷик ва ҳам осори муаллифони муосир  ба намоиш гузошта шуданд. 

13 март Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Б. Сафарзода дар маросими ифтитоҳи "Международный квартал", ки яке аз рӯйдодҳои марказии намоишгоҳ-ярмарка буд, иштирок намуд. Якҷо бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус П. Утюпин ва муовини вазири иттилооти Ҷумҳурии Беларус Д. Езерский меҳмонон павилёни Тоҷикистонро тамошо карданд.

Дар стенд асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин китобҳои нави олимон ва нависандагони тоҷик, ки аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати асосии Энсиклопедияи миллии тоҷик ва нашриётҳои "Адиб" ва "Ирфон" нашр шудаанд, ба намоиш гузошта шуданд.

Яке аз рӯйдодҳои муҳими намоишгоҳ Симпозиуми байналмилалии адибон бо номи "Нависанда ва замон" буд, ки дар он нависанда, журналист, драматурги тоҷик, арбоби давлатӣ ва ҷамъиятӣ Ато Ҳамдам ва Нависандаи халқии Тоҷикистон, мудири шуъбаи тарҷумаи нашриёти "Адиб" Абдуҷаббор Абдуғаффор иштирок карданд. Мавзӯи асосии баҳс "Фарҳанг ва иттилоот ҳамчун самтҳои рушди фазои гуманитарӣ" буд.

Павилёни Тоҷикистон меҳмонони зиёдеро ҷалб намуд, ки ин аз таваҷҷуҳи онҳо ба адабиёт ва фарҳанги тоҷик шаҳодат медиҳад. Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин чорабиниҳои байналмилалии адабӣ ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ бо кишварҳои дигар, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва тарғиби мероси бойи адабии мардуми тоҷик мусоидат мекунад.

Намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии китоб то 16 марти соли 2025 идома хоҳад ёфт. Барномаи чорабинӣ вохӯриҳо бо нависандагон ва шоирон, дарсҳои омӯзишӣ, мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳоро дарбар мегирад, ки ба меҳмонон имкони бештар фароҳам меоранд, то ба ҷаҳони адабиёт бештар шинос шаванд.

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg