7 марти соли 2025 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Беларус Павел Утюпин баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларус, аз ҷумла ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва гуманитариро муҳокима намуданд. Ҳамзамон бо ин, нақшаҳои баргузории чорабиниҳои муштарак дар сатҳҳои гуногун мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.