Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Беларус бо кишварҳои хориҷӣ

06.03.2025 12:35

6 марти соли 2025 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода бо Раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Беларус бо кишварҳои хориҷӣ Нина Иванова доир гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо роҳҳои таҳкими ҳамкориро дар соҳаҳои гуманитарӣ ва фарҳангӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷонибҳо зарурати рушди минбаъдаи ҳамкории судмандро тавассути татбиқи чорабиниҳо ва барномаҳои муштарак, ки ба таҳкими равобити дӯстӣ байни халқҳои Тоҷикистон ва Беларус равона шудаанд, таъкид намуданд.

Дар доираи баррасии дурнамои ҳамкорӣ бобати баргузории шабҳои адабӣ бахшида ба солгарди нависандагони барҷастаи тоҷик ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ мувофиқа ҳосил гардид.

 

 

 

 

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg