Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдори доимии ИДМ доир гардид

25.02.2025 22:33

25 феврали соли 2025 дар Минск таҳти раисии Намояндаи ваколатдори доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳоди Иттиҳод, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдори доимии давлатҳои иштирокдори Иттиҳод дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳоди Иттиҳод баргузор гардид.

Намояндагони доимӣ бо ҳисобот роҷеъ ба фаъолияти Шуро оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдии ИДМ барои солҳои 2020-2024 шинос шуданд. Шуро барномаҳои тадқиқотии фундаменталии байнидавлатиро фаъолона таҳия намуда, дар ҳоли фаъолият аз рӯи Стратегияи рушди илм дар ИДМ қарор дорад.  

Масъалаҳои таъмини амният дар ИДМ боз як мавзӯи рӯзномаи ҷаласа гардиданд. Роҷеъ ба рафти иҷрои Харитаи роҳ оид ба татбиқи ташаббусҳое, ки сарони ҳайатҳо дар ҷаласаҳои Шурои сарони давлатҳо, Шурои сарони ҳукуматҳо, Шурои вазирони корҳои хориҷӣ ва Шурои иқтисодии ИДМ марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният баён доштаанд, гузориш ироа гардид. 

Гузашта аз ин, пешниҳодҳо оид ба лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ, ки 5 июн дар шаҳри Душанбе дар назар аст, мавриди муҳокимаи намояндагони доимӣ қарор гирифтанд. Масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ ва башардӯстона, ҳамчунин масоили молиявӣ аз мавзӯъҳои асосии мулоқоти дарпешистода хоҳанд буд.

 

 

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg