Сафири Тоҷикистон дар маросими бахшида ба Рӯзи забони модарӣ бо қироати рӯҳбахши осори Абӯалӣ ибни Сино суханронӣ кард

21.02.2025 21:54

21 феврали соли 2025 дар доираи таҷлили Рӯзи байналмилалии забони модарӣ дар Ҷумҳурии Беларус, ҳамоиши адабии «Симои шоиронаи Ватан» баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Сафарзода Бахтовар Амиралӣ иштирок намуд.

Сафир зимни суханронии худ таъкид кард, ки ҳифзи забони модарӣ яке аз унсурҳои муҳими ҳуввияти миллӣ мебошад. Ӯ зикр намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди забони миллӣ дар мақоми давлатӣ диққати аввалиндараҷа дода мешавад. Дар идомаи суханронии худ, Сафир сухани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро иқтибос овард: «Забон на танҳо воситаи муошират, балки асоси ҳастии миллат, фарҳанг ва таърихи он мебошад».

Б. Сафарзода қайд кард, ки забони тоҷикӣ, ки яке аз қадимтарин забонҳои рӯйи замин аст, нақши муҳимро дар интиқоли арзишҳои миллӣ ва мероси маънавӣ нигоҳ медорад. Ӯ инчунин таъкид намуд, ки мутафаккирону олимони сатҳи ҷаҳонӣ борҳо беназирию қадимияти миллати тоҷикро ҳамчун яке аз қадимтарин мардумони ориёитабор эътироф намудаанд, ки саҳми бузурге дар рушди илм, фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳонӣ гузоштааст.

Сафир илова намуд: « Беҳуда нест, ки Гёте – шоири маъруфи олмонӣ Ҳофизи Шерозиро «малик – уш – шуарои ҳамаи дунё» хитоб кардааст.».

Илова бар ин, Сафир ба ҳамкориҳои фарҳангии миёни Тоҷикистон ва Беларус аҳамияти хосса дода, қайд кард, ки ду кишварро на танҳо муносибатҳои зичи иқтисодӣ ва сиёсӣ, балки муҳаббати муштарак ба фарҳанг, адабиёт ва санъат пайваст мекунанд. Ӯ таъкид намуд, ки чунин чорабиниҳо, ба монанди шабҳои адабӣ, дар таҳкими робитаҳои фарҳангӣ байни миллатҳо нақши муҳим мебозанд ва пулҳои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмиро эҷод мекунанд.

Намунаи равшани чунин ҳамкорӣ ба табъ расидани китоби "Дӯстии халқҳо - дӯстии адабиёт" ба шарофати адибони шинохтаи Тоҷикистону Беларус Ато Ҳамдам ва Алес Карлюкевич дар соли 2011 дар шаҳри Душанбе мебошад. Дар Беларус инчунин маҷмӯаи ҳикояву достонҳои Ато Ҳамдам ба забони беларусӣ «Жыццё не спыняецца», китоби муаллифони муосири Тоҷикистон ба забони беларусӣ «Дар зери ситораи Рӯдакӣ», шеърҳои Саидалӣ Маъмур, Фарзона ва ғайра, ва дар Душанбе - китобҳои Алес Бадак, Георгий Марчук, Юрий Сапожков, Николай Метлицкий, Алексей Дударев ба нашр расиданд.

Сафир таъкид кард, ки чунин ташаббусҳо дар таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва наздикии маънавии ду миллат нақши муҳим мебозанд.

Яке аз лаҳзаҳои равшани ҳамоиш қироати рубоии машҳур аз осори донишманд, файласуф, табиб ва шоири бузурги тоҷику-форс Абӯалӣ ибни Сино аз ҷониби Сафарзода Бахтовар буд. Ӯ дар сухани худ қайд кард, ки осори Ибни Сино на танҳо дар илм ва фарҳанги ҷаҳонӣ нақши умда гузоштааст, балки то имрӯз мардумонро дар саросари ҷаҳон илҳом мебахшад.

Пеш аз қироати рубоӣ, Сафир зикр намуд, ки номи Ибни Сино бо худи мафҳуми «тиб» пайванд аст — пасванди «сина» дар калимаи «медицина» ба номи ин донишманди бузург бармегардад, ва калимаи «мед» дар забони тоҷикӣ маънои «мадад» медиҳад.

Рубоии қироатшуда бо забони тоҷикӣ чунин садо дод:

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи банди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.

Тарҷумаи он ба забони русӣ чунин аст:

От праха черного и до небесных тел
Я тайны все постиг мудрейших слов и дел.
Коварства я избёг, распутал все узлы,
Лишь узел смерти я распутать не сумел!

Дар анҷоми суханронии худ, Сафир изҳори итминон кард, ки чунин чорабиниҳо робитаҳои фарҳангиро таҳким бахшида, ба ғановати маънавии ҳамаи иштироккунандагон мусоидат мекунанд.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg