Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

17.02.2025 21:43

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус ба маълумот мерасонад, ки 2 марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Бо мақсади таъмини ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Беларус иқомат, кору фаъолият ва таҳсил менамоянд, дар бинои Сафорат бо суроғаи: Ҷумҳурии Беларус, вилояти Минск, ноҳияи Минск, аг. Жданович, кучаи Зеленая, 42 участкаи интихоботии №3 таъсис дода шудааст.

Овоздиҳӣ рӯзи 2 марти соли 2025 аз соати 06:00 то 20:00 ба вақти маҳаллӣ баргузор мешавад.

Дар интихобот шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то рӯзи интихобот ба синни 18 расидаанд, иштирок карда метавонанд. Шаҳрвандони Тоҷикистонро зарур аст, ки бо худ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият дошта бошанд.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус шаҳрвандонро барои иштироки фаъолона дар интихобот даъват менамояд.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg