Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,
Ҳозирини гиромӣ,
Шуморо ба Вазорати корҳои хориҷӣ хайрамақдам мегуем.
Сӯҳбати мо, имрӯз дар бораи паҳлӯҳои асосӣ ва натиҷаҳои муҳимтарини фаъолияти низоми сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар соли сипаришуда доир мешавад.
Аз он ки шумо, намояндагони воситаҳои ахбори омма дар инъикоси дастовардҳои сиёсати хориҷӣ ва умуман, фаъолияти рӯзмарраи мо ҳамеша саҳмгузоред, мо изҳори сипос менамоем.
Чун ҳамеша Вазорати корҳои хориҷӣ фаъолияти худро дар заминаи роҳнамоию ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути усули “дарҳои кушода”, ки меҳвари сиёсати хориҷии ҷумҳуриро ташкил медиҳад, идома дода, пешбурди муносибатҳои дӯстона, ҳамсоягии нек ва ҳамкории судмандро бо давлатҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ тақвият бахшид.
Муссалам аст, ки вазъи геосиёсии минтақа ва ҷаҳон бинобар афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ҳамоно мураккаб боқӣ монда, дар пайи онҳо буҳрони ҷаҳонӣ амиқ мегардад.
Дар чунин шароити на он қадар муносиб, ба ҳар сурат метавон гуфт, ки соли 2024 дар маҷмӯъ барои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли босамар буда, бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст гардид.
Дар ин марҳила баргузории бомуваффақонаи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки имкони тасмимгириҳои муҳимро барои ҳамкориву ҳамёрӣ фароҳам оварда, бо қабули Эъломияи Душанбе ҷамъбаст шуд, нақши пешсафии Тоҷикистонро дар пешбурди рӯзномаи глобалии об, бори дигар собит кард.
Ҳамчунин, соли 2024 дар доираи платформаи “Раванди Душанбе оид ба мубориза бар зидди терроризм ва маблағгузории он” дар ҳамкорӣ бо СММ ва дигар шарикон дар Кувайт Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба муқовимат бо терроризм баргузор гардид, ки Роҳбари давлати мо ин ҳамоишро омили муассири тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва дигар хавфу хатарҳои амниятӣ номиданд.
Рӯйдоди дигари муҳим дар соли сипаришуда ин буд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳон ва торафт шиддат гирифтани низоъҳои мусаллаҳона, ҷиҳати қабули қатъномаи дахлдори Созмони Милал дар бораи “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” пешниҳод карданд.
Соли сипаригардида сафарҳои давлатию расмӣ ва кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қатар, Русия, Италия ва Ватикан, Озарбойҷон, Эрон, Қазоқистон, Туркманистон, Кувайт, Арабистони Саудӣ ва шаҳри Ню Йорк баргузор гардид, ки зимни онҳо масъалаҳои муҳимми ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷониба ва мавзуъҳои рӯзномаи минтақавию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Роҳбари давлат дар шаҳри Остона дар Саммити Созмони Ҳамкории Шанхай, инчунин дар Вохӯрии сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Олмон”;
дар Давҳа дар Нишасти сеюми Муколамаи Ҳамкории Осиё зери унвони “Дипломатияи варзишӣ”;
дар Маскав дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил;
дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ дар Ҳамоиши муштараки ғайринавбатии арабию исломӣ;
дар Боку дар Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим
ва дар ҳамоиши навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар шаҳри Остонаи Қазоқистон, иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар ин давра беш аз 210 ҳайати гуногунсатҳи кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба Тоҷикистон омаданд.
Албатта, сафарҳои расмию давлатии Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Дабири кулли Созмони Милал, Сарвазири Покистон, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ба Тоҷикистон низ, аз рӯйдодҳои муҳимми сиёсати хориҷии Тоҷикистон дар соли гузашт ба ҳисоб меравад.
Қобили қайд аст, ки аз натиҷаи музокироти сатҳи олӣ ва баланд дар Душанбе ва ҳам зимни сафарҳо ба хориҷи кишвар, инчунин тибқи дигар тартиботи муқарраршуда, зиёда аз 150 санади байналмилалӣ бо шарикони хориҷӣ имзо шуда, заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳо боз ҳам такмил ёфт.
Ба мақсади муаррифии ҳадафмандонаи арзишҳои таърихию фарҳангии миллат дар хориҷа ва дар маҷмуъ тақвияти симои мусбати Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатии ҷумҳурӣ ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, инчунин дигар намоишҳои мавзуиро бо ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ бо шукӯҳ ва риояи анъанаҳои суннатӣ, баргузор карданд.
Ҳозирини гиромӣ,
Муносибатҳои анъанавӣ бо давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо тамаркуз ба тақвияти робитаҳои сиёсӣ ва идомаи густариши ҳамкории иқтисодӣ идома дода шуд.
Муносибатҳои Тоҷикистону Русия бо баргузории вохӯриҳо ва чорабиниҳои сиёсию иқтисодӣ дар ин марҳила пурмазмун арзёбӣ мегардад.
Рӯйдоди муҳимми сиёсӣ дар муносибатҳои дуҷониба – ин иштироки Сарвари давлат дар чорабиниҳои тантанавӣ бахшида ба ҷашни 79-солагии Ғалаба, ҳамчунин мулоқоти сарони ду давлат 23 декабри соли гузашта дар вилояти Ленинград буд, ки зимни онҳо ба масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, танзими муҳоҷират, муқовимати муштарак бо хатару таҳдидҳо ва дигар зуҳуроти ҷинояти фаромиллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд.
Муносибатҳои дуҷониба бо Ӯзбекистон ва масъалаҳои муҳимми минтақавию байналмилалӣ 18-19 апрели соли 2024 дар рафти сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба кишвари мо, миёни сарони ду давлат мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз натиҷаҳои музокирот Аҳдномаи ҳампаймонӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ва 28 санади нави ҳамкории гуногунсоҳа ба имзо расид.
Зимни сафари давлатии Президенти Қазоқистон ба Тоҷикистон мулоқоти сарони ду давлат, инчунин вохӯриҳои ӯ бо дигар шахсони воломақом доир шуда, масъалаҳои густариши робитаҳо дар соҳаҳои кооператсияи саноатӣ, кишоварзӣ, нақлиёту боркашонӣ, маориф ва рақамикунонӣ баррасӣ гардиданд.
Аз натиҷаи сафар пояи шартномавию ҳуқуқии ду кишвар бо 16 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ, ки муҳимтарин санади ҳамкории дуҷониба ба ҳисоб меравад, такмил ёфт.
4 апрели соли гузашта сафари расмии Раиси Халқ Маслиҳатии Туркманистон ба Тоҷикистон баргузор шуд. Мулоқоти ӯ бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, инчунин сарвазири ҷумҳурӣ доир шуда, масъалаҳои густариши робитаҳо дар соҳаҳои мухталиф, аз қабили тиҷорату саноат, кишоварзӣ, нақлиёту боркашонӣ ва таҳкими равобити байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тамосҳои сиёсии Тоҷикистону Қирғизистон ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта ва дигар масъалаҳои мубрами дуҷониба идома ёфтанд.
4-5 феврал вазири корҳои хориҷии Қирғизистон ба Душанбе сафари расмӣ анҷом дод, ки мавсуфро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳузур пазируфтанд. Пешвои миллат аҳаммияти рушди муколамаи сиёсӣ ва таҳкими фазои эътимод дар муносибатҳои дуҷонибаро таъкид намуданд.
22-23 майи соли сипаришуда сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Озарбойҷон доир гардид, ки дар рафти он Эъломия оид ба шарикии стратегӣ ва 14 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Дар ин радиф баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон ва Рӯзҳои синамои тоҷик дар Озарбойҷон равобити фарҳангии ду кишварро таҳкиму густариш бахшиданд.
12 апрели соли 2024 дар ҳошияи нишасти вазирони корҳои хориҷии ИДМ дар Минск, ҳамчунин мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Беларус доир шуда, масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бо такя ба анъанаи ҳусни нияти неки ҳамҷаворӣ, Тоҷикистон пайваста аз минбарҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба вазъи душвори Афғонистон бо пайомадҳои ғайричашмдошти он ҷалб намуда, ҳамзамон аз равонасозии саъю талошҳо баҳри барқарории сулҳу субот ва рушди ҳамаҷонибаи он кишвар ҷонибдорӣ мекунад.
Тоҷикистон омода аст, ки минбаъд низ ба мардуми ин кишвари ҳамзабону ҳамсояи худ кӯмак расонад.
Муносибатҳои Тоҷикистону Эрон дар ҳамаи соҳаҳо хусусияти рушди бемайлонро касб мекунанд.
Чунин тамоюли мусбат аз робитаҳои фаъоли сиёсӣ, ба вежа дар сатҳи олӣ маншаъ мегирад. Аз ҷумла, ду сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Эрон ва сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон муносибатҳои дӯстонаву бародаронаи ду кишвари ҳамзабонро тақвият бахшид.
Зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон дар соли 2025 23 санади нави ҳамкорӣ вобаста ба соҳаҳои гуногун ба имзо расид.
Ҳамин тариқ, дар доираи сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки 8-9 январи соли 2024 баргузор шуда буд, маҷмуи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла дар самти байнипарлумонӣ баррасӣ шуда, аз натиҷаи он сафар низ 15 санади ҳамкорӣ имзо гардид.
Дар робита ба муносибатҳо бо Арабистони Саудӣ, бояд қайд кард, ки муколамаҳои сиёсӣ ва дигар робитаҳои иқтисодию гуманитарӣ мунтазам дар ҳоли густариш аст. Дар зимн, 5 марти соли гузашта дар шаҳри Ҷидда масоили ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо тамаркуз ба таҳкими минбаъдаи онҳо дар самтҳои мухталиф миёни вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Арабистони Саудӣ баррасӣ шуд.
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар 21-22 январи соли 2024, ки дар аснои он доираи васеи масъалаҳои муҳими ҳамкориҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд, ба раванди густариши ҳамкориҳои дуҷониба такони нав бахшида, дар рафти он 9 санад ба имзо расид.
3-5 ноябр сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Давлати Кувайт доир шуд, ки аз натиҷаи он 9 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Сарвари давлат ҳамчунин иҷрокунандаи мудири кулли Бунёди кувайтии рушди иқтисодии арабиро ба ҳузур пазируфтанд (21-25 август) ва масоили ҳамкорӣ дар маблағгузории лоиҳаҳои сохтмони роҳҳои мошингард, барқарорсозии шабакаҳои барқӣ ва обёриро таъкид карданд.
Дар вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Кувайт дар ҳошияи Нишасти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷи Форс (15 апрел, Тошканд), ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба мавриди муҳокима қарор гирифт.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия 10 январи соли 2024 ҷиҳати анҷоми сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад. Мавсуфро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири корҳои хориҷии кишвар ба ҳузур пазируфтанд. Зимни мулоқотҳо масоили ҳамкории сиёсию иқтисодӣ, сайёҳӣ, гуманитарӣ ва мубориза бо терроризм баррасӣ гардида, барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2024-2026 байни ду ниҳоди сиёсати хориҷӣ ба имзо расонида шуд.
Дар самти муносибатҳо бо кишварҳои Осиё ва уқёнуси Ором саъю талошҳо ба идомаи тақвияти робитаҳои сиёсию амниятӣ ва густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо давлатҳои ҳавзаи мазкур равона гардид.
Доираи васеи масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар мулоқоти сарони давлатҳо ва музокироти ҳайатҳои ду ҷониб зимни сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифта, аз сатҳи баланди шарикии ҳамаҷонибаи стратегии ду кишвар ва дастовардҳои назарраси муштарак изҳори қаноатмандӣ сурат гирифт.
Аз натиҷаи сафари давлатӣ 29 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳоро дар соҳаҳои иқтисодӣ, инноватсия ва гуманитарӣ боз ҳам таҳким бахшид.
Ҳозирини гиромӣ,
Қобили зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон айни замон бо 186 кишвари дунё муносибатҳои дипломатиро барқарор намуда, раванди муносибатҳо бо дигар кишварҳои Осиё ва уқёнуси Ором аз ҷумла, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Малайзия, Индонезия, Тайланд, Покистон, Ҳиндустон дар ҳоли густариш арзёбӣ мегардад ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон бо кишварҳои Аврупо ва Америка, аз қабили Иёлоти Муттаҳида, Британияи Кабир, Олмон, Чехия, Сербия, Маҷористон, Финландия, Италия, Фаронса Шветсия ва Кипр дар самтҳои мухталиф идома доранд.
Ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои дуҷониба бо Ҷопон 12 августи соли 2024 зимни суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарвазири он кишвар баррасӣ шуд. Ҳамчунин 8 ноябри соли 2024 суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазири тозатаъйини корҳои хориҷии Ҷопон баргузор шуда, атрофи масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва гуманитарӣ, аз ҷумла дар қолаби Муколамаи Осиёи Марказӣ ва Ҷопон табодули афкор сурат гирифт.
Дар раванди таҳкими робитаҳои гуногунҷанба бо Малайзия Раиси Сенати Малайзия ба Тоҷикистон сафари корӣ анҷом дод. Мавсуф аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва Вазири корҳои хориҷӣ пазируфта шуд.
Сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 июли соли 2024 ба раванди таҳкиму тавсеаи ҳамкории гуногунҷанба такони нав бахшид. Зимни музокирот дар сатҳи олӣ масъалаҳои густариши робитаҳо дар соҳаҳои иқтисодӣ, нақлиёту логистика ва энергетика, инчунин илму маориф баррасӣ шуда, аз натиҷаи сафар 9 санади ҳамкорӣ ба имзо расид.
17 августи соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҳамоиши сеюми “Садои ҷаҳони Ҷануб”, ки ба таври видеоӣ бо раёсати Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор гардид суханронӣ намуданд. Дар ҳамоиш масъалаҳои тағйирёбии иқлим, афзоиши аҳолӣ, норасоии ғизо ва дигар мушкилоте, ки ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ бевосита таъсир мерасонанд, муҳокима гардид.
Дар вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Ҳиндустон дар шаҳри Остона, масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва рӯзномаи байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ба мақсади таҳкиму густариши ҳамкориҳо бо Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар соли сипаришуда якчанд чорабиниҳои муҳим баргузор шуд, ки иштироки ҷониби Тоҷикистон дар онҳо танзим гардид.
Маҷмӯи масоили муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба миёни Тоҷикистон ва ИМА 23 сентябри соли 2024 дар Ню Йорк зимни мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Ноиби котиби давлатии ИМА мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамкорӣ дар самти таҳкими ҳифзи сарҳад, мубориза бар зидди терроризму ифратгароӣ ва қочоқи маводи мухаддир низ аз мавзуъҳои меҳварии он вохӯрӣ буд.
Ба мақсади баррасии ҳамкориҳои дуҷониба дар арсаҳои мухталиф бо Британияи Кабир 22 апрели соли 2024 сафари кории Вазири корҳои хориҷӣ, Иттиҳод ва рушди Британияи Кабир ба Тоҷикистон сурат гирифт. Мавсуф аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳузур пазируфта шуд. Дар рафти мулоқот муносибатҳои ду кишвар дар соҳаҳои амниятӣ, сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ ва гуманитарӣ муҳокима гардид.
Аз натиҷаи мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Британия Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ ба имзо расид.
12 декабри соли 2024 дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса даври навбатии машваратҳои сиёсӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Фаронса баргузор гардида, масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ ва амнияти минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Соли гузашта мо дар равобити Тоҷикистон бо Италия шоҳиди рушди тоза гардидем. Тавсеаи ҳамкориҳо бо ин кишвар дар таъмини манфиатҳои миллии кишварамон аҳамияти ҷиддӣ дошта, яке аз самтҳои муҳим ба шумор меравад.
Аз натиҷаи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Италия аз 22 то 25 апрели соли 2024 9 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд. Пешвои миллат ҳамчунин бо Роҳбари руҳонии католикҳои ҷаҳон Попи Рум Франсиск ва Котиби давлатии Ватикан Петро Паролин низ мулоқотҳо анҷом доданд.
Дар ин замина, сафари Котиби давлатии Ватикан Кардинал Петро Паролин ба Душанбе 10-13 июни соли 2024 баргузор гардид. Мавсуф аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазир, Вазири корҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ба ҳузур пазируфта шуд.
Мавзуъҳои муҳимми дуҷониба, минтақавӣ ва ҳамкорӣ дар қолабҳои бисёрҷониба бо Маҷористон зимни сафари Вазири корҳои хориҷӣ ва савдои он кишвар ба Душанбе 30 апрели соли гузашта баррасӣ шуданд. Дар фарҷоми мулоқот Ёддошти тафоҳум миёни вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Маҷористон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ба имзо расонида шуд.
Муносибатҳои Тоҷикистон бо Олмон дар ҳоли рушду таҳкимёбӣ қарор дорад.
Дар пайрави мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Канслери федералии Олмон 17 сентябри соли 2024, Остона) пайгирии тавсеаи робитаҳои дуҷониба ва ҳамкории минтақавӣ тавассути машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Олмон 21 ноябри соли сипаригардида дар Душанбе идома дода шуд. Зимни музокирот роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, энергетика, саноат, амният, муҳоҷират ва гуманитарӣ табодули афкор сурат гирифт.
Ҷиҳати густариши робитаҳои иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария 2 июли соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати швейтсарӣ – Вазири федералии корҳои хориҷӣ, Вазири федералии молия ва Раиси Бонки миллии он кишварро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкориҳои дуҷониба, инчунин равобитҳо дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ баррасӣ гардид.
Дар самти татбиқи ташаббусу иқдомҳои созандаи Тоҷикистон дар доираи Созмони Милали Муттаҳид рӯйдоди муҳим, ин сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ню Йорк ҷиҳати иштирок дар иҷлоси 79-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид мебошад.
24 сентябри соли гузашта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои 79-уми Маҷмаи умумии СММ иштирок намуда, зимни суханронӣ таъкид доштанд, ки равандҳои пуртазоди геосиёсӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, шиддатгирии “ҷанги сард”, низоъҳои мусаллаҳона, пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар хатару таҳдидҳои глобалӣ, бешубҳа, оқибатҳои манфии дарозмуддат хоҳад дошт.
Илова бар ин, Тоҷикистон дар соли 2024 ҷиҳати ироаи ташаббусҳои нав дар Созмони Милал иқдом гирифт, ки “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера барои солҳои 2025-2034”, Рӯзи байналмилалии яке аз ҷонварони нодир бо номи морхӯр ва эълони Рӯзи ҷаҳонии Футбол буданд, ки онҳо тавассути қатъномаҳои дахлдор қабул гардиданд. Ин ташаббусҳо ифодагари нақши боризи кишвар дар пешбурди рӯзномаи обу иқлим, аз ҷумла ҳифзи пиряхҳову гуногунии табиат ва варзиш дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.
Дар соли 2024 ҳамкории кишвар дар доираи Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) рӯ ба инкишоф арзёбӣ мешавад. 9 феврал ва 12 cентябр Муовини дабири кулли СҲИ Тариқ Али Бахит аз кишвари мо боздид намуда, бо вазири корҳои хориҷӣ ва роҳбарияти дигар мақомоти соҳавӣ вохӯрӣ кард.
Инчунин 12-13 сентябри соли 2024 бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони ҳамкории исломӣ дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ оид ба «Нақши олимон ва донишмандони тоҷик дар рушди фарҳанг ва тамаддуни исломӣ» баргузор гардид, ки дар кори он шумораи зиёди олмони исломшинос аз саросари олам иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ба мақсади баланд бардоштани самаранокии ҳамкории мутақобила бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) 2 марти соли 2024 дар Анталия вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо Дабири кулли САҲА баргузор гардид.
Ҳамчунин 26 июн Вазири корҳои хориҷӣ, аврупоӣ ва тиҷоратии Малта, Раиси амалкунандаи САҲА ба Тоҷикистон сафар намуда, бо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазири корҳои хориҷӣ ва Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ мулоқот кард. Дар рафти мулоқот доираи васеи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо Малта, инчунин ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби САҲА мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
10-12 июни соли 2024 Директори генералии UNESCO Одри Азуле ба Тоҷикистон ташриф овард. Мавсуф аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфта шуда, ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои масоили ҳамкориро баррасӣ намуданд.
7 июни соли 2024 бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг дар шаҳри Париж, Конфронси байналмилалии илмӣ бахшида ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории конфронс пос доштани хотири мутафаккир ва шоири оламшумули тоҷику форс Мавлоно Балхӣ ва эътирофи саҳми безаволи ӯ дар рушди фарҳанги ҷаҳонӣ буда, дар он олимону донишмандон аз тамоми гӯшаву канори олам гирди ҳам омадаанд.
Яке аз рӯйдодҳои хотирмон дар соли гузашта он буд, ки зимни иҷлоси 19-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи ёдгориҳои фарҳангии ғайримоддии UNESCO 4 декабри соли 2024, номинаҳои муштараки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вежа “Ҷашни меҳргон” дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ва “Санъати сохтан ва навохтани рубоб” ҳамроҳ бо кишварҳои Эрон, Афғонистон ва Ӯзбекистон ба Феҳристи мероси ғайримоддии UNESCO дохил карда шуданд.
Ҳамкориҳои Тоҷикистон дар доираи Созмони Ҳамкории Шанхай беш аз пеш таҳким меёбад. Аз натиҷаи кори ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ (4 июли с.2024, Остона) 24 санад қабул карда шуда, қарори сарони давлатҳои аъзои созмон дар бораи таъсиси механизми нави ҳамкорӣ дар соҳаи зиддиинҳисорӣ, ки ташаббуси Тоҷикистон буд, қабул шуд. Сарони давлатҳо нисбат ба таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе ба сифати ниҳоди алоҳидаи доимоамалкунанда ба мувофиқа расиданд.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон соли 2025 раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба зимма гирифт. Дар доираи ин созмон зимни пешбурди ҳамкориҳо аз усулҳои эътирофшудаи байналмилалӣ кор гирифта шуда, аҳамияти асосӣ ба рушду таҳкими муносибатхои дӯстона ва мутақобилан судманд дар равобити сиёсӣ, соҳаҳои тиҷорию иқтисодӣ ва гуманитарӣ, инчунин ҳимояи манфиатҳои миллӣ дода хоҳад шуд.
Сатҳи устувори ҳамкориҳои Тоҷикистон дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) бо иштироки фаъол дар нишастҳои сатҳи олӣ ва баланд, инчунин дигар чорабиниҳои муҳими бахши амниятӣ идома дода шуд.
Фаъолияти Вазорат ба мақсади мусоидат дар ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ бо кишварҳои ҳамсарҳад ва таҳкими ҳамкориҳо дар ин соҳа бо созмонҳои байналмилалӣ пайгирона идома меёбад.
Дипломатияи иқтисодии Тоҷикистон бо мақсади таҳкиму густариши ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати муаррифии бештари зарфиятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисоди кишвар, инчунин мусоидат ба татбиқи ҳадафҳои стратегӣ идома дода шуда, дар ин самт корҳои мушаххас иҷро гардид.
Форумҳои соҳибкорӣ, тиҷоратӣ ва сайёҳӣ бо кишварҳои Қатар, Қазоқистон, Озарбойҷон, Австрия, Олмон, Италия, Туркия, Кувайт, Миср ва Хорватия доир гардиданд, ки дар натиҷаи онҳо санадҳои ҳамкорӣ байни ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ ба имзо расонида шуд.
Ҳамчунин дар соли 2024 ҷаласаҳои муштараки комиссияҳои байниҳукуматии иқтисодии Тоҷикистон бо Ӯзбекистон, Чин, Туркия, Қазоқистон, Россия, Эрон, Туркманистон, Арабистони Саудӣ, Миср, Покистон ва Озарбойҷон баргузор шуда, зимни онҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, саноату нақлиёт, кишоварзӣ, энергетика ва бахшҳои гуманитарӣ, инчунин варзишу сайёҳӣ баррасӣ гардид.
Дар самти фаъолияти консулӣ иқдомҳои созанда ва дигар ташаббусҳо ба мақсади ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Тоҷикистон дар хориҷа, инчунин ҷиҳати соддасозии рафту омади шаҳрвандони хориҷӣ ва ба ин васила, ҷалби бештари сармоягузорону сайёҳон ба кишвар идома ёфтанд.
Низоми «Дарвозаҳои электронӣ» (eGate) роҳандозӣ шуда, айни замон 3 адад чунин таҷҳизот дар толори Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе барои истифодаи шаҳрвандони кишвар насб карда шудааст.
Дар ин давра Тоҷикистон бо Италия Созишномаро дар бораи бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва бо Арабистони Саудӣ дар бораи бекор намудани раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хидматӣ ба имзо расонид.
Дар асоси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи лағви раводид барои дорандагони шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ, ки 8 ноябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шудааст. Шаҳрвандони Тоҷикистону Эрон, ки шиносномаҳои умумишаҳрвандии хориҷӣ доранд, метавонанд бидуни раводид ба кишварҳои якдигар сафар кунанд.
Тазаккур медиҳем, ки иқдоми мазкур танҳо тавассути роҳҳои ҳавоӣ миёни ду кишвар амалӣ гардида, барои шаҳрвандоне, ки тавассути кишварҳои сеюм ва/ё нуқтаҳои убури сарҳади давлатии заминӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар менамоянд, раводиди дахлдор лозим аст.
Ин қоидаҳои болозикр аз 3 феврали соли 2025 ҷорӣ гардид.
Лозим ба ёдоварист, ки тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 22-23 апрели соли 2024 аз урдугоҳҳои Ал-Ҳол ва Роҷи Сурия гурӯҳи сеюми шаҳрвандони Тоҷикистон дар теъдоди 47 нафар занону кӯдакон (13 оила иборат аз 15 нафар зан, 17 духтар ва 15 писар) ба Ватан баргардонида шуданд.
Дӯстони арҷманд,
Албатта, дар низоми сиёсати хориҷӣ соли гузашта чорабиниҳои зиёд ва хеле корҳои дигаре ба анҷом расонида шуд, ки пеш аз ҳама ба татбиқи ҳадафҳои миллӣ нигаронида шуда буд, аммо ҳозир мо саъй кардем, то дар шакли мухтасар ва роҷеъ ба масъалаҳои аз ҳама муҳиму асосӣ бо шумо сӯҳбат намоем.
Бинобар ин, агар саволҳо бошанд, мо метавонем тавассути як муколамаи судманд боз дигар масъалаҳоеро, ки мавриди таваҷҷуҳи шумо ва марбут ба фаъолияти низоми сиёсати хориҷӣ ҳастанд, матраҳ намоем.
Марҳамат.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan