10 феврали соли 2025 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин нусхаи эътимодномаи cафири навтаъйини Ҷумҳурии Словения дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Аленка Суҳадолникро қабул кард.
Зимни мулоқот ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Словения мубодилаи афкор намуда, инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ муҳокима карданд.
Исматулло Насредин сафири Словенияро ба муносибати ба ин вазифа таъйин шуданаш табрик намуда, ба ӯ дар амалӣ намудани рисолати дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбиҳо таманно намуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan