10 феврали соли 2025 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насредин ҳайати муқаддамотии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро бо роҳбарии муовини дабири кулли ИДМ Нурлан Сейтимов, ки ба ҳайси мушоҳидони байналмилалӣ ҷиҳати иштирок дар раванди омодагӣ ва баргузории интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфт.
Зимни мулоқот ҳамчунин атрофи масоили рӯзномаи Иттиҳод дар давраи раёсати Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои ҳамкорӣ табодули афкор сурат гирифт.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan