22 январи соли 2025 дар Кумитаи Иҷроияи ИДМ дар Минск таҳти раисии Намояндаи ваколатдори доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳоди Иттиҳод, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода ҷаласаи нахустини Шурои намояндагони ваколатдори доимии давлатҳои иштирокдори Иттиҳод дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳоди Иттиҳод баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ сардори раёсати кишварҳои ИДМ-и Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Саидмуродзода Консепсияи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025, инчунин Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи онро муаррифӣ намуд.
Аъзои Шуро натиҷаи фаъолияти худро барои соли 2024 ҷамъбаст намуда, Нақшаи кори Шуро барои соли 2025-ро тасдиқ намуданд.
Гузашта аз ин, зимни ҷаласа масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи дарпешистодаи Шурои вазирони корҳои хориҷии ИДМ баррасӣ гардида, маълумот роҷеъ ба рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои асосӣ оид ба татбиқи Консепсияи рушди минбаъдаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шунида шуд.