14 декабри соли 2024 дар шаҳри Минск Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар намоишгоҳи хайриявии солинавӣ, ки бо ибтикори Клуби байналмилалии ҳамсарони сафирон, дипломатҳо ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид, иштирок намуд.
Дар намоиш лавҳаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, маснуоти сузанию гулдузӣ, атлас, кундал, сангҳои қимматбаҳо ва хӯрокҳои миллӣ оро гардида буд
Ҳамзамон бо ин, китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва маводи тарғиботӣ-ташвиқотӣ дар бораи имкониятҳои сайёҳии кишвар ба маърази диди меҳмонон гузошта шуда буданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз номи Сафорати Тоҷикистон хонандагони МДТ “Мактаби миёнаи № 35”-и шаҳри Минск ба номи Домулло Азизов бо иҷрои суруд ба забони тоҷикӣ хотири ҳозиринро шод гардониданд.