Бозии дӯстона миёни дастаҳои футболи “Диаспораи тоҷикон дар Беларус ва “Родина”-и Беларус

06.12.2024 17:27

5 декабри соли 2024 дар шаҳри Минск бахшида ба “Рӯзи ҷаҳонии Футбол”, ки аз ҷониби Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пешниҳод шуда, бо қабули Қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардидааст, байни дастаҳои футболи “Диаспораи тоҷикон дар Беларус” ва “Родина”-и Беларус бозии дӯстона доир гардид.

Дар бозии ҳаяҷонбахш дастаи “Диаспораи тоҷикон дар Беларус” дар муборизаи шадид дастаи “Родина”-и Беларусро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард.

Мусобиқа дар рӯҳияи рақобати солим ва дӯстӣ баргузор гардид, ки ба мустаҳкам намудани робитаҳо байни бозингарони дастаҳо мусоидат намуд.

 Бояд қайд кард, ки чунин чорабиниҳои варзишӣ бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим аз ҷониби Сафорат пайваста гузаронида мешаванд. 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg