Аз 25 то 27 ноябри соли 2024 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус баргузор гардиданд.
Маросими ботантанаи ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳангӣ дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо барномаи пурмуҳтавои консертӣ ҳусни оғоз намуд.
Дар суханронии худ муовини аввали вазири фарҳанги Тоҷикистон Обид Назариён иброз дошт, ки робитаҳои фарҳангӣ-гуманитарӣ байни Тоҷикистон ва Беларус бо шарофати талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко бемайлон/пайваста рушд мекунанд. Дар навбати худ, муовини аввали вазири фарҳанги Беларус Валерий Громада таъкид намуд, ки Рӯзҳои фарҳангӣ як рӯйдоди муҳим буда, шаҳодати манфиати самимии тарафайн ба дастовардҳои фарҳангӣ ва саъйи таҳкими ҳамкорӣ мебошад.
Дар саҳнаи театр ансамблҳо ва ҳунармандони маъруфи Беларус ҳунарнамоӣ карданд, аз ҷумла: Ансамбли давлатии академии рақси Беларус, Хори миллии академии халқии Ҷумҳурии Беларус ба номи Геннадий Цитович, гурӯҳи овозхонии «Чистый голос», дуэти баяннавозон «Неба Саунд», ҳунармандони Театри калони Беларус, инчунин раққосаи ансамбли давлатии академии ҳунарии Беларус «Хорошки». Консерт на танҳо намоиши мероси ғании фарҳангии Беларус гардид, балки ҳамчун рамзи дӯстӣ ва табодули фарҳангӣ байни ду кишвар пазируфта шуд. Барномаи консертӣ аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон ва меҳмонони чорабинӣ бо руҳбаландӣ истиқбол гардид.
Ҳамзамон, дар доираи ин рӯйдоди фарҳангӣ, Рӯзҳои синамои Беларус дар кинотеатри «Наврӯз» бо намоиши филми бадеии «Чёрный замок» ифтитоҳ ёфтанд. Дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров филми ҳуҷҷатии «Мечта Чемпиона» ва филми тасвирии «Песня Сирин» манзури тамошобинони тоҷик гардиданд.
Дар баробари ин, рӯзи 25 ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон, бо иштироки роҳбарони вазоратҳои фарҳанги ҳар ду кишвар, намоиши адабӣ-ҳуҷҷатии «Бо хуни дил» ифтитоҳ ёфт. Намоишгоҳ аз ҷониби Осорхонаи давлатии таърихи адабиёти белорусӣ ва Осорхонаи давлатии таърихи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Беларус ташкил карда шуд.
Илова бар ин, дар доираи чорабинии фарҳангии мазкур барои муҳассилини ҷавони соҳаи синамо таҳти роҳбарии коргардон ва сенариянавис Елена Турова машғулиятҳои таълимии «Устод ва шогирд» баргузор шуданд. Ҳамчунин, гурӯҳҳои ҳунарии Беларус дар шаҳри Ҳисор баромад карданд ва иштирокчиёни чорабинӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва маҷмааи фарҳангии «Истиқлол» боздид намуданд.
Қобил ба таъкид аст, ки дар ҷараёни ин рӯйдоди фарҳангӣ вохӯрии вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо муовини аввали вазири фарҳанги Беларус Валерий Громада барпо гардид. Дар доираи ин мулоқот Ёддошти ҳамкорӣ байни Муассисаи давлатии «Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев» ва Муассисаи давлатии «Филармонияи давлатии ордени Байрақи Сурхи Меҳнати Беларус » ба имзо расид.
Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон ба рамзи равшани дӯстӣ, эҳтироми тарафайн ва табодули фарҳангӣ байни ду миллат табдил ёфтанд.