Таҷлили Рӯзи Президенти Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатӣ дар Минск

19.11.2024 17:22

18 ноябри соли 2024 дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ намояндагони ҷамъияти байналмилалии тоҷикони «Сомониён» ва кормандони сафорат ширкат варзиданд.

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода зимни суханронии худ нақши калидии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ташаккули давлати мустақили тоҷикон таъкид намуд. Б.Сафарзода дар бораи рӯзи 16 ноябри соли 1994, ки дар ин рӯз Эмомалӣ Раҳмон бори аввал ба ҳайси Президенти интихобгардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи нав савганд ёд карданд, муфассал шарҳ дод. Сафир иброз дошт, ки таҷлили ин санаҳои муҳими таърихӣ нишонаи садоқат ва муҳаббати самимии мардуми тоҷик ба Пешвои миллат мебошад.

Ҳамзамон, Сафир ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуда, таъкид кард, ки Парчам ҳамчун рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ба арзиши муқаддаси маънавии ҷомеаи тоҷикон табдил ёфта, дар тақвияти ҳисси ифтихор ва худшиносии миллӣ, эҳёи анъанаҳои давлатдорӣ, сарҷамъӣ ва муттаҳидии мардуми Тоҷикистон саҳми бузург гузоштааст.

Гузашта аз ин, ба меҳмонон дастовардҳои сиёсати хориҷии кишвар таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин ташаббусҳо ва самтҳои стратегии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдрас гардид.

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg