7 ноябри соли 2024 дар кинотеатри «Победа»-и Ҷумҳурии Беларус, дар доираи 30-юмин Синамоҷоизаи байналмилалии «Лістапад», Рӯзи синамои Тоҷикистон бо намоиши филми коргардони ҷавони тоҷик Муҳиддин Музаффар зери унвони «ДОВ» баргузор гардид. Дар чорабинӣ доираи васеи иштироккунандагон, аз ҷумла ходимони илму фарҳанг, рӯзноманигорон, инчунин ҳамватанону донишҷӯёни тоҷики муқими Беларус ҳузур доштанд.
Дар маросими ифтитоҳи Рӯзи синамои Тоҷикистон дар Беларус, директори муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён, директори генералии киностудияи миллии «Беларусфилм» Юрий Алексей, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода, директори генералии «Киновидеопрокат»-и Минск Владимир Карачевский ва коргардону таҳиягар аз Ҳиндустон Амит Джайн иштирок намуданд.
Директори муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Маҳмадсаид Шоҳиён дар суханронии худ ба ҳамтоёни белорусӣ барои истиқболи гарму пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки филми «ДОВ», бо вуҷуди навэҷод будан, аллакай дар ҷашнвораҳои байналмилалӣ иштирок карда, сазовори ҷоизаҳои сершумор гаштааст. Ӯ ҳамчунин зикр намуд, ки баргузории Рӯзи синамои Тоҷикистон дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ заминаи мусоид барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои синамогарони ду кишвар фароҳам хоҳад овард.
Директори генералии киностудияи миллии «Беларусфилм» Юрий Алексей дар суханронии худ таъкид кард, ки тақрибан як моҳ пеш дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус баргузор гардида буд, ки он дар сатҳи баланд ва бо дастгирии ҳамаҷонибаи ҷониби Тоҷикистон доир гардид. Ӯ изҳори хушнудӣ намуд, ки имрӯз дар Минск Рӯзи синамои Тоҷикистон доир мегардад ва ин табодули фарҳангӣ барои рушди ҳамкориҳои минбаъдаи синамогарони ду кишвар аҳамияти бузург дорад.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода зимни суханронии худ оид ба пешрафту дастовардҳо ва дурнамои ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарии Тоҷикистону Беларус, ки бо туфайли сиёсати хирадмандонаи Сарварони ду давлат — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Александр Лукашенко — торафт равнақ ва мазмуну мундариҷаи нав касб менамояд, таъкид намуд.
Қобили зикр аст, ки қабл аз оғози намоиши филм маросими баимзорасонии Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва «Киновидеопрокат»-и Минск баргузор гардид, ки заминаи устувор барои лоиҳаҳои муштараки оянда дар соҳаи синамо мегузорад.
Дар бораи филми «ДОВ»
Филми «ДОВ» — драмаи коргардони умедбахши тоҷик Муҳиддин Музаффар мебошад, ки аллакай дар арсаи байналмилалии синамо эътирофи зиёд пайдо карда, дар ҷашнвораҳои бонуфуз ҷоизаҳо ба даст овардааст. Филми зикршуда масъалаҳои амиқи иҷтимоӣ ва фалсафиро баррасӣ карда, ба тамошобин тавассути нигоҳи хос ба воқеияти имрӯза, бо истифода аз анъанаҳои фарҳангӣ ва миллии Тоҷикистон, таҷрибаи нодиреро пешкаш мекунад.