26 апрели соли 2024 дар Вазорати корҳои хориҷӣ мулоқот бо Сафири Русия дар Тоҷикистон С. Григорев баргузор гардид.
Мулоқот ба масъалаҳои таҳкиму густариши минбаъдаи ҳамкории ду кишвар дар самтҳои гуногун ва чорабиниҳои сиёсии дарпешистодаи дуҷониба ва бисерҷониба бахшида шуд.
Зимни мулоқот ҳамчунин мушкилиҳое, ки бо онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми убури сарҳади давлатии Федератсияи Русия давоми чанд ҳафтаи охир рӯ ба рӯ мешаванд, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ба мадди назари сафир нигаронии ҷониби Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои беасоси манъи вуруд ба қаламрави Русия барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки хусусияти оммавӣ пайдо кардаанд, расонида шуд.
Саҳифаҳои расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ:
Мо дар Фейсбук: www.facebook.com/mfa.tj
Мо дар Твиттер (русӣ): www.twitter.com/MID_Tajikistan
Мо дар Телеграм: t.me/mfa_tj
Мо дар Инстаграм: instagram.com/mfa_tjk
Мо дар Твиттер (англисӣ): twitter.com/MOFA_Tajikistan