Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус 5 сентябри соли 1992 барқарор шудаанд.
Соли 1997 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикстон дар Ҷумҳурии Беларус таъсис ёфтааст.
Аз соли 2011 Сафорати Ҷумҳурии Беларус дар Душанбе фаъолияти худро оғоз кардааст.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода мебошад.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Денисенко Виктор Александрович мебошад.
Байни кишварҳо зиёда аз 100 аҳднома ва созишнома ба имзо расидааст, ки барои рушд ва таъмиқи муносибатҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо созгор мебошанд.
Санадҳои бунёдгузоре, ки принсипҳои асосии муносибатҳои дуҷонибаро муайян менамоянд, Аҳдномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус аз 5 апрели соли 2000 ва Аҳдномаи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус аз 27 июни соли 2019 ба ҳисоб мераванд.
Муносибатҳои Тоҷикистон ва Беларус дар марҳилаи муосир бо хислати пӯёии худ таҷассум мегарданд. Сафарҳои мутқобилаи сарони давлатҳо нақши муҳим доранд. Тамосҳои сиёсӣ дар сатҳи олӣ ва баланд мунтазам анҷом дода мешаванд.
Чунончӣ моҳи майи соли 2018 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моҳи июни соли 2019 бошад сафари расмии ҷавобии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Беларус доир гардиданд.
11-12 октябри соли 2022 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус А.Лукашенко ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар фарҷоми сафар бастаи калонҳаҷми санадҳо дар соҳаҳои мухталифи ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла Харитаи роҳи ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус барои солҳои 2022-2026 ва Созишном оид ба низоми мусоидати савдои мутақобила ба имзо расонида шуд. Дар доираи сафар дар шаҳри Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Беларус баргузор гардид, ки дар он намоишгоҳи молу маҳсулоти Беларус беш аз 60 корхонаи соҳаҳои зироаткорӣ ва чорводорӣ, хӯрокворӣ ва маҳсулоти қаннодӣ, инчунин таҷҳизоти кишоварзӣ ба намоиш гузошта шуд.
Рушди бомароми ҳамкориҳои байнипарлумонӣ миёни ду кишвар ба назар мерасад. Дар чаҳорчӯбӣ Гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ Маҷлиси намояндагони Маҷлиси милии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Палатаи намояндагони Маҷлиси милии Ҷумҳурии Беларус фаъолона ҳамкорӣ намуда истодааст. Сафарҳои мутақобилаи ҳайатҳои парлумонӣ ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои дар ду кишвар баргузоршаванда доир мегарданд.
Тамосҳо байни мақомоти сиёсати хориҷӣ бо маром дар ҳоли рушд қарор дошта, машваратҳо миёни роҳбарон ва воҳидҳои сохтории вазоратҳо баргузор мегарданд.
13 апрели соли 2023 дар ҳошияи ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштирокдори ИДМ дар шаҳри Самарқанд мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид, ки дар фарҷоми он Нақшаи машваратӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои солҳои 2023-2024 ба имзо расид.
Ҳамкориҳои иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Беларус дар чаҳорчӯбӣ Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, ки соли 1999 таъсис ёфтааст, инчунин дигар санадҳои дуҷониба дар соҳаи тиҷоратӣ-иқтисодӣ амалӣ мегардад.
То ба имрӯз 17 ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус баргузор шудааст, ки маротибаи ахир 5 июни соли 2024 дар шаҳри Минск доир гардид.
Табодули моли дар моҳҳои январ-декабри соли 2024 байни ду кишвар 172,5 млн. доллари ШМА-ро ташкил намуд, ки ба ҳамин давраи соли 2023 1,8 маротиба зиёдтар мебошад.
Самти афзалиятноки муносибати дуҷониба соҳаҳои иқтисод, нақлиёт, кишоварзӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ ба ҳисоб меравад.
Муносибатҳои байниминтақавии ду кишвар бомуваффақият рушд ва таҳким меёбанд. Тоҷикистон бо вилоятҳои Минск ва Витебск, шаҳрҳои Минск ва Могилев фаъолона ҳамкорӣ менамояд.
Лоиҳаи муштарак оид ба бунёди “Боғҳои Дӯстӣ” дар вилоятҳои Брестк ва Гомели татбиқ мегарданд, ки барои он аз Тоҷикистон ба Беларус зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳоли мева таҳвил дода шуд.
Аз Беларус ба Тоҷикистон техника ва таҷҳизоти соҳаи хоҷагии халқ расонида мешавад.
Дар шаҳри Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаи беларусии “Агротехсервис” фаъолият менамояд, ки ба васлкунии техникаи хоҷагии қишлоқ ва хизматрасонии техникии он машғул аст.
Корхонаҳои Тоҷикистон бо тракторҳои тамғаҳои гуногуни истеҳсоли Белорус, мошинҳои хоҷагии қишлоқ, қисмҳои комплектӣ барои васлкунии тракторҳои Белорус таъмин карда мешаванд.
Ба мақсади таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи саноат ва кооператсияи саноатӣ ба шаҳри Душанбе 100 адад тролейбусҳои муосири беноқили беларусӣ таҳвил гардид.
Ҳамкориҳо дар соҳаи маориф батадриҷ рушд карда истодаанд. Ҳамасола ҷониби Беларус барои таҳсили ҷавонои тоҷик бурсияҳо ҷудо менамояд. Айни замон дар Ҷумҳурии Беларус зиёда аз 500 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил мекунанд.
Факултаи муҳандисӣ-техникии Донишгоҳи миллии техникии Беларус, ки дар назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон моҳи майи соли 2018 таъсис ёфтааст, дар омода намудани кадрҳои муҳандис мусоидати назар мерасонад.
Аҳмияти муҳим ба рушди муносибатҳои дуҷонибаи фарҳангию гуманитарӣ дода мешавад. Ба мақсади таҳкими равобити фарҳангӣ дар кишварҳои рӯзҳои фарҳангӣ гузаронида мешавад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус дар чаҳорчӯбӣ созмонҳои минтақавию байналмилалӣ фаъолона ҳамкорӣ намуда, ҷонибдори пайвастаи таҳкими ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби СММ, САҲА, ИДМ ва СААД мебошанд.
09.04.2025