Оид ба иштироки Сафир дар маросими гулчамбаргузорӣ дар Гулгашти Дӯстӣ

15.05.2023 15:34

15 майи соли 2023 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус М.Ҳақдод дар маросими гулгузорӣ дар Гулгашти Дӯстии маҷмааи осорхонавии Боғи Ғалаба дар шаҳри Минск бо аъзои Шӯрои намояндагони ваколатдори доимии давлатҳои иштирокчии Иттиҳод дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар мақомоти Иттиҳод ва роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок намуд.

Чорабинӣ дар доираи таҷлили 78-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ баргузор гардид. 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg