Шоми эҷодии Т. Шаҳидӣ дар Минск

10.04.2023 13:18

7 апрели соли 2023 дар Филармонияи давлатии Беларус шоми эҷодии оҳангсози маъруфи тоҷик, ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Толибхон Шаҳидӣ таҳти роҳбарии дирижери номдори Беларус Александр Анисимов бо тантана баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур ходимони соҳаи илму фарҳанги Беларус, кормандони Сафорати Тоҷикистон ва намояндагони корпуси дипломатӣ ва ҳавасмандони мусиқии классики кишвари иқомат ҷамъ омаданд.

Консерти зикршуда аз ду қисм иборат буда, дар он оҳангҳои шинохтаи Т. Шаҳидӣ ба монанди “Увертюраи идона барои оркестри симфонӣ”,  “Тасвири симфонии Дориюш”, порчаҳо аз балети “Марги судхур” ва балети “Рубоиёти Хайём”, достони симфонии “Садо” ва инчунин дигар эҷодиёти бастакори тоҷик аз ҷониби Оркестри давлатии академии симфонии Ҷумҳурии Беларус садо доданд. Қобили зикр аст, ки мусиқиҳои навохташуда ба ҳозирин ва мардуми кишвари маҳалли иқомат писанд омада, пас аз кафкубиҳои бардавом эҷодиёти иловагии Т. Шаҳидӣ садо доданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ, ҳунарпешаи мардумии Ҷумҳурии Беларус, дирижер Александр Анисимов иброз дошт, ки ҳайати Оркестри симфонии давлатӣ ба консерти болозикр, ки бори нахуст дар Ҷумҳурии Беларус садо дод, тайи се моҳ омодагӣ дидааст.

 

 

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg