Муносибатҳои Тоҷикистон бо Финляндия

30.01.2023 06:53

Муносибатҳои Тоҷикистон бо Финляндия

 

Робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Финляндия 22 феврали 1992 барқарор шудаанд.     

Муносибатҳои сиёсӣ (мубодилаи сафарҳо).

Руйдоди муҳим дар муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвар сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Финляндия 23-25 октябри соли 2012 арзёбӣ мегардад. Зимни сафари расмӣ Президети Тоҷикистон мулоқотҳоро бо Президенти Ҷумҳурии Финляндия Саули Ниинисто ва дигар шахсони расмӣ барпо намуд. Қайд кардан зарур аст, ки дар рафти сафари мазкур Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Финляндия оид ба канорагирӣ аз андозсупории дубора ва пешгирии худдорӣ аз супоридани андоз аз даромад ва сармоя ба имзо расид.

24 майи 2021 вохӯрии маҷозии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Финляндия Пекка Ҳаависто баргузор гардид. Дар рафти суҳбат вазирон роҷеъ ба дурнамои муносибатҳои дуҷониба табодули афкор намуда, масоили мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва амнияти минтақавиро баррасӣ карданд.

26 феврали соли 2022, миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Финляндия муҳтарам Саули Ниинистё ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.

4 июни соли 2018 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Финляндия машваратҳои сиёсии байниидоравӣ баргузор гардиданд. Дар назар аст, ки дар семоҳаи якуми соли 2023 машваратҳои навбитии сиёсӣ миёни Тоҷикистон ва Финляндия дар шаҳри Хелсинки баргузор гарданд.

Ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ. Бино ба маълумоти Ҳадамоти омори Тоҷикистон,  дар нуҳмоҳи соли 2022 январ октябр ҳаҷми тиҷорати дуҷониба баини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Финляндия 817 ҳазор доллар ИMA-ro ташкил дод, ки пурра ба ворид аз Финляндия рост меояд.

Заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистон ва Финляндия 4 санади имзошударо дар бар мегирад.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg