Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳоди ИДМ

01.02.2023 13:15

Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳодҳои ИДМ

 

Шӯрои намояндагони ваколатдори доимии давлатҳои иштирокчии Иттиҳод дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳоди Иттиҳод (Шӯро) мутобиқи Қарори Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ аз 20 июни соли 2000 ва Қарори Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ аз 23 августи соли 2005 фаъолият менамояд.

Шӯро мақомоти доимамалкунандаи ИДМ мебошад.

Шӯро дар давраи байни ҷаласаҳои Шӯрои сарони давлатҳо, Шӯрои сарони ҳукуматҳо ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ба ҳамкории мутақобилаи давлатҳо оид ба масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн мусоидат менамояд, пешниҳодотро роҷеъ ба пешомади рушд ва афзалиятҳои ИДМ муҳокима ва ба давлатҳои иштирокчӣ манзур менамояд, лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаро ба ШСД, ШСҲ ва ШВКХ омода месозад, дар доираи ваколати худ назорат аз ҷараёни татбиқи дастур ва супоришҳои мақомоти олии оинномавии ИДМ-ро амалӣ мегардонад.

Узви Шӯро аз Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи ваколатдори доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳоди Иттиҳод, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори Шӯрои намояндагони ваколатдори доимии давлатҳои иштирокчии Иттиҳод дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳоди Иттиҳод фаъолона иштирок мекунад.

Пайваста дар Душанбе вохӯриҳои мақомоти олии оинномавии ИДМ баргузор мегарданд.

5 октябри соли 2007 дар шаҳри Душанбе нишасти Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд. Дар ҷаласаи мазкур 25 санад қабул гардиданд, ки муҳимтарини онҳо Консепсияи рушди ояндаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Нақшаи чорабиниҳои асосӣ ҷиҳати амалисозии он мебошанд.

10 октябри соли 2008 бо Қарори Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ Низомнома оид ба раисӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тасдиқ гардид, ки мутобиқи он Раисӣ дар муддати як соли тақвимӣ аз ҷониби давлати иштирокчии ИДМ дар шахсияти намояндаи он, ҳамзамон дар Шӯрои сарони давлатҳо, Шӯрои сарони ҳукуматҳо, Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои иқтисодӣ, Шӯрои намояндагони ваколатдори доимии давлатҳои иштирокчии Иттиҳод дар назди мақомоти оинномавӣ ва дигар ниҳоди Иттиҳод, инчунин Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ дар назди Шӯрои иқтисодии ИДМ дар асоси принсипи ҷойивазкунӣ аз рӯи тартиби алифбои забони русии номҳои кишварҳо амалӣ гардонида мешавад.

Тибқи низомномаи болозикр Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои 2011 ва 2018 вазифаи раисиро дар ИДМ ба ӯҳда дошт.

3 сентябри соли 2011 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раисии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Зимни он ба муносибати 20-солагии таъсисёбии ИДМ Изҳороти Сарони давлатҳо ва Барномаи байнидавлатии “Пойтахти фарҳангии Иттиҳод” қабул гардиданд.

Соли 2018 Ҷумҳурии Тоҷикистон раисиро дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бори дигар ба ӯҳда гирифт. 28 сентябри соли 2018 ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ доир гардид. Дар рафти ҷаласа ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкории давлатҳо дар доираи Иттиҳод дар самти таъмини амният ва субот дар минтақа, ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, аз ҷумла масъалаи гардиши озоди мол, сармоягузорӣ, хизматрасонӣ ва ҳамкориҳои фарҳангӣ - гуманитарӣ аҳамияти махсус зоҳир гардид.

Нақши муҳимро дар ҳамшарикии гуногунҷанбаи давлатҳои ИДМ, ҳамкорӣ дар соҳаи гуманитарӣ мебозад. Тоҷикистон яке аз иштирокдорони фаъол дар соҳаи ҳамкории гуманитарии давлатҳои иштирокдори ИДМ мебошад.

Таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо давлатҳои иштирокчии Иттиҳод, Кумитаи иҷроияи ИДМ, дигар мақомоти оинномавӣ ва соҳавии Иттиҳод бештар аз 100 чорабинии назаррас ташкил гардиданд.

Калонтарини онҳо ҷаласаҳои Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ 6 апрел ва 27 сентябр, Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ 1 июн ва 2 ноябри соли 2018 ва Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ 28 сентябри соли 2018 буда, дар рафти онҳо бастаи муҳими аснод қабул гардиданд, ки ҷиҳати барпо кардан ва баланд бардоштани самараи хамкории байнидавлатй равона гардида буданд.

Яке аз самтҳои афзалиятноки раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими ҳамкории кишварҳои узви ИДМ дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид буд. 26 ноябри соли 2018 дар иҷлосияи 73-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатънома оид ба ҳамкории Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки бо ташаббуси  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо иштироки дигар давлатҳои узви Иттиҳод омода шуда буд, қабул гардид.

Таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон дар соли 2018 зиёда аз 70 ҷаласаи гурӯҳҳои коршиносон оид ба мувофиқа кардани лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳо ҷиҳати пешниҳод ба Шӯрои сарони давлатҳо ва Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ, инчунин ҳудуди 90 ҷаласаи мақомоти соҳавӣ, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардиданд.

Ҳамкорӣ дар соҳаи гуманитарӣ дар шарикии бисёрҷанбаи давлатҳои иштирокчии Иттиҳод нақши муҳим дорад. Тоҷикистон дар ҳамкориҳои мутақобилаи башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ фаъолона иштирок мекунад.

Моҳи майи соли 2006 дар шаҳри Душанбе зимни нишасти Сарони ҳукуматҳо Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарӣ таъсис дода шуд.

Тоҷикистон фаъолияти Шӯро оид ба ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои узви ИДМ (ШҲГ) ва Раёсати Фонди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои ИДМ-ро (ФБҲГ) ҷонибдорӣ менамояд. Шаҳри Душанбе мизбони ду нишасти муштараки Шӯрои ҳамкории гуманитарӣ ва Раёсати Фонди байнидавлатии ҳамкории гуманитарӣ буд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусгари пешниҳод ҷиҳати эълон намудани соли 2008 ҳамчун Соли хониш ва адабиёт дар ИДМ мебошад.

Бо дастгирии ФБҲГ дар доираи ҷашнвораи 1150-солагии асосгузори адабиёти тоҷик Абуабдуллоҳи Рудакӣ, асарҳои безаволи ӯ бо се забон нашр ва дар китобхонаҳои давлатҳои ИДМ тақсим гардиданд. Ғайр аз ин, китобҳои дарсии забони русӣ барои мактаббачагони давлатҳои ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон, ба табъ расиданд. ФБҲГ аз силсилаи “Адабёти классики ИДМ” (Классика литератур СНГ), ду ҷилди онро дар бораи Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр кард.

28 сентябри соли 2018 дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои ИДМ Қарор дар бораи татбиқи Барномаи байнидавлатии “Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод дар соли 2021” қабул гардид. 22 ноябри соли 2020 эстафетаи Пойтахти фарҳангии Иттиҳод дар соли 2021 ба Душанбе супорида шуд.

Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Барномаи байнидавлатии мазкур Нақшаи чорабиниҳоро доир ба татбиқи он таҳия ва амалӣ намуд.

Тоҷикистон дар доираи созмони минтақавии ИДМ ба таҳкими муносибатҳои ҳамҷаворӣ байни давлатҳои узв, ки дар заминаи усулҳои эҳтиром ва татбиқи самтҳои асосии ҳамкории иқтисодӣ бунёд шудааст, аҳамияти муҳим медиҳад.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg