Ҳамкории сиёсӣ ва парламентӣ

01.02.2023 11:34

Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дипломатиро бо Ҷумҳурии Беларус 5 сентябри соли 1996 барқарор намудааст.

Соли 1997 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус таъсис ёфта, соли 2011 дар шаҳри Душанбе Сафорати Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ намуд.

Санадҳои бунёдгузоре, ки принсипҳои асосии муносибатҳои дуҷонибаро байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус муайян менамоянд, Аҳдномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Беларус аз 5 апрели соли 2000 ва Аҳдномаи шарикии стратегӣ байни Тоҷикистон ва Беларус аз 27 июни соли 2019 ба ҳисоб мераванд.

Дар маҷмӯъ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус зиёда аз 100 аҳднома ва созишнома ба имзо расидааст, ки барои пешбурд ва таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар соҳаҳо созгор мебошанд.

Муносибатҳои Тоҷикистон ва Беларус дар марҳилаи муосир хислати рушди бомаромро ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба касб намуда, муколамаи фаъоли сиёсӣ дар сатҳи олӣ ба ин муносибатҳо такони мусбат мебахшад. Ҷиҳати густариши ҳамаҷонибаи ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Беларус сафарҳои мутақобилаи сарони ду давлат нақши хосса доранд.

Дар давраи сипаришуда 7 сафари расмӣ дар сатҳи сарони давлатҳо сурат гирифтааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари сафарҳои зиёди корӣ дар солҳои 2000, 2014 ва 2019 ба Ҷумҳурии Беларус сафари расмӣ анҷом додааст. Президенти Ҷумҳурии Беларус муҳтарам Александр Лукашенко дар навбати худ солҳои 2001, 2011, 2018 ва 2022 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари расмӣ қарор дошт.

Дар ҷараёни сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Беларус дар таърихи 27-28 июни соли 2019 зиёда аз 10 санади нави дуҷониба, аз ҷумла Созишномаи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус, ки бешубҳа, заминаи мустаҳкамро барои вусъати муносибатҳои ҳамкорӣ ба вуҷуд овардааст, ба имзо расидааст.

Аз натиҷаи боздиди расмии Президенти Ҷумҳурии Беларус ба Ҷумҳурии Тоҷикистон низ 10 санади нави дуҷониба, ки соҳаҳои муҳимми ҳамкории Тоҷикистону Беларусро дар бар мегиранд, ба имзо расонида шуданд.

Ҳамзамон робитаҳои байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар, инчунин сафарҳои сершумори расмӣ ва кории вазирони корҳои хориҷӣ ва роҳбарони дигар вазорату идораҳо пайваста идома доранд.

Гузашта аз ин, миёни кишварҳо ҳамкориҳои фаъоли байнипарлумонӣ идома дорад. Гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ таъсис ёфта, як қатор сафарҳои кории вакилони парлумони ду кишвар сурат гирифтанд. Вакилони парлумони Тоҷикистон ва Беларус дар ҳайати нозирони ИДМ дар мушоҳидаи интихоботи Палатаи намояндагони Маҷлиси милии Ҷумҳурии Беларус дар солҳои 2019 ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси милии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 мутаносибан ширкат варзидаанд. Ҳамчунин, вакилони ду кишвар ба ҳайси нозир  дар интихоботи президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи марти соли 2020 ва интихоботи президентии Ҷумҳурии Беларус дар моҳи августи соли 2020 иштирок намудаанд.

Тоҷикистон ва Беларус дар абзорҳои созмонҳои байналмилалӣ робитаҳои хубро ба роҳ мондаанд. Ду кишвар дар мавриди самаранокии созмонҳо, аз қабили СММ, СААД, ИДМ ва САҲА мавқеъҳои яксон доранд ва аз ташаббусҳои якдигар дар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн дастгирӣ мекунанд.

Аз соли 2012 дар ҷаласаҳои Шӯрои ҳуқуқи башари СММ Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусҳои Ҷумҳурии Беларусро ҷонибдорӣ менамояд. Дар навбати худ Беларус аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об, ки дар чаҳорчӯби СММ амалӣ мешаванд, фаъолона дастгирӣ мекунад.

Шоистаи зикр аст, ки 5 сентябри соли 2021 ба муносибати 25-умин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко мубодилаи паёмҳои табрикӣ сурат гирифт. Ҳамзамон, рӯзи 9 сентябр дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар Минск Конфронси байналмилалӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-умин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус доир гардид.

Шарокати стратегӣ заминаи устувори рушди босуръати ҳамкориҳои мутақобилан судманди кишварҳо ҳам дар заминаи дуҷониба ва ҳам дар сатҳи бисёрҷониба мебошад.

Нигористон

Тақвим

  • business-portal_thumb.jpg