Ҳамкориҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус пайваста дар ҳоли рушд қарор доранд. Ҷонибҳо дар якҷоягӣ намоишгоҳҳои рассомон, аксбардорон, сафарҳои консертии дастаҳои мусиқӣ, шабнишиниҳо бахшида ба ҳунарҳои мардумӣ, солгарди адибон, мутарҷимон ва олимони тоҷику беларус, инчунин Рӯзҳои фарҳанги миллии ду кишвар, форумҳо, ярмаркаҳои муштарак ва фестивалҳоро ташкил мекунанд.
Ба мақсади таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва муаррифии мутақобилаи фарҳангу ҳунари ду кишвар 5-11 октябри соли 2021 дар Беларус Рӯзҳои фарҳанг ва Рӯзҳои синамои Ҷумҳурии Тоҷикистон бомуваффақият баргузор гардиданд. Дар доираи чорабиниҳо 6 октябр дар кинотеатри «Пионер»-и пойтахт ифтитоҳи Рӯзҳои синамои тоҷик баргузор шуд. 7 октябр дар филармонияи давлатии Беларус концерти калони устодони санъати Тоҷикистон барпо гардид. Дар охири моҳи март – аввали моҳи апрели соли 2022 Рӯзҳои синамои Беларус дар шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд баргузор гардид. Илова бар ин, 7 ноябри соли 2022 дар шаҳри Минск дар доираи Фестивали XXVIII байналмилалии синамои Минск «Листопад» чорабинии «Рӯзи синамои тоҷик» бомуваффақият доир шуд.
Қобили зикр аст, ки дар давраи сипарӣ Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (солҳои 2007, 2015, 2018) ва Рӯзҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус (солҳои 2008, 2016, 2021) баргузор гардиданд.
Ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларус дар соҳаи маориф аҳаммияти махсус дода мешавад. Равобит дар самти мазкур дар чаҳорчӯбӣ Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Беларус дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва баъдитаҳсилӣ аз 31 майи соли 2013 амалӣ карда мешавад. Беларус ҳамасола барои шаҳрвандони Тоҷикистон барои таҳсил 8 квота ҷудо мекунад. Теъдоди донишҷӯёни тоҷик дар Беларус беш аз 600 нафар аст.
Дар Душанбе 4 факултаи муштарак фаъолият мекунад: - факултети муштараки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо донишгоҳҳои Беларус (Донишгоҳи давлатии Беларус, Донишкадаи давлатии экологии ба номи А.Д.Сахаров, Донишгоҳи давлатии технологии Беларус, Донишгоҳи давлатии Полотск); — факультети авиацияи граждании Академияи давлатии авиационии Беларус ва Донишкадаи техникии Точикистон ба номи академик М. Осимӣ; - факултети муҳандисӣ-технологии Донишгоҳи миллии техникии Беларус ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ; - факултаи муштараки Донишгоҳи давлатии Полотск дар заминаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон.
Илова бар ин, равобити байнифарҳангӣ майни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус босамар инкишоф меёбад. 1 январи соли 2011 дар заминаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ ва Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Беларус ва Тоҷикистон, ки соли 2012 дар Беларус таъсис ёфтаанд, Ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон-Беларус» таъсис ёфт. Дар баробари ин, аз соли 2018 дар Душанбе дар заминаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Маркази маориф, илм ва фарҳанги Беларус ва аз сентябри соли 2019 дар заминаи Донишгоҳи миллии техникии Беларус Маркази маориф ва фарҳанги Тоҷикистон фаъолият мекунанд.
Хамкорӣ дар самти барқарор намудани равобитҳои адабӣ инкишоф меёбад: китобҳо тарҷума, шумораҳои махсуси рӯзномаву маҷаллаҳо нашр мешаванд.
Ҳанӯз дар соли 2011 ба шарофати адибони шинохтаи Тоҷикистону Беларус Ато Ҳамдам ва Алес Карлюкевич дар Душанбе китоби "Дӯстии халқҳо - дӯстии адабиёт" ба табъ расида буд. Дар Беларус инчунин маҷмӯаи ҳикояву достонҳои Ато Ҳамдам ба забони беларусӣ «Жыццё не спыняецца», китоби муаллифони муосири Тоҷикистон ба забони беларусӣ «Дар зери ситораи Рӯдакӣ», шеърҳои Саидалӣ Маъмур, Фарзона ва ғайра, ва дар Душанбе - китобхои Алес Бадак, Георгий Марчук, Юрий Сапожков, Николай Метлицкий, Алексей Дударев ба нашр расиданд.
Соли 2012 китоби «Подзвіг Эмамалі Рахмона» дар Беларус - бо теъдоди 300 нусха аз ҷониби нашриёти «Книгазбор»-и Беларус ба чоп расид. Китобро Ато Ҳамдам якҷо бо Леонид Чигрин навиштаанд.
Соли 2016 шумораи муштараки маҷаллаҳои «Неман»-и беларусӣ ва «Помир»-и тоҷикӣ низ нашр шуд, ки ба Тоҷикистону Беларус, адабиёт ва назму насри кишварҳо бахшида шудааст. Худи ҳамон сол дар хонаи Иттифоқи нависандагони Точикистон муарифии шумораи махсуси рӯзномаи беларусӣ «Літаратура і мастацтва» ба муносибати Ҷумҳурии Точикистон ва дар хонаи нашриёти «Звязда»-и Беларус рӯнамои шумораи махсуси рӯзномаи тоҷикии «Адабиёт ва санъат» бахшида ба Ҷумҳурии Беларус доир гардидааст.
Муколамаи фарҳангию гуманитарии Тоҷикистону Беларус хусусияти густурда дорад. Татбиқи маҷмӯи тадбирҳое, ки ба таҳкими ҳамкориҳои фарҳангиву гуманитарӣ нигаронида шудаанд ва истифодаи иқтидори истифоданашудаи ин ҳамкорӣ метавонад ҳамкориҳои гуманитарии байни кишварҳоро ба сатҳи сифатан нав расонад ва ба рушди муносибатҳои боэътимод байни оммаи васеи ду кишвар мусоидат намояд.