Таҷлили Наврӯз дар Истанбул

30.03.2022 15:31

Рӯзи 29 марти соли 2022 бо ташаббуси Консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Истанбул бо иштироки ҳамватанон ва меҳмонони хориҷӣ чорабинии тантанавӣ бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯзи оламафрӯз баргузор гардид.

Консули генералӣ М. Саидзода дар суханронии худ ҳозиринро ба муносибати Иди байналмиллалии Наврӯзи аҷам табрику муборакбод намуда, аз таъриху аҳаммияти он барои эҳёву ҳифзи арзишҳои миллии Тоҷикистон ва минтақа гуфт.

Дар чорабинӣ гӯшаи Тоҷикистон бо риояи урфу одат ва анъанаю суннатҳои мардумӣ оро дода шуда, дар он дастархони тоҷикӣ бо ҳафтсину ҳафтшин ва анвои гуногуни таомҳои миллӣ, дастовардҳои фарҳангии кишвар, аз ҷумла чакан ва дигар ҳунарҳои мардумӣ, аксу мусаввараҳои минтақаҳои сайёҳии кишвар ба намоиш гузошта шуданд.

Барномаи рангини консертӣ бо иштироки ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатманд Хол ва ситораҳои эстрадаи тоҷик Зулайхо Маҳмадшоева ва Дилшоди Файзулло барои меҳмонон таассуроти хотирмон ва дилнишин боқӣ гузошт.

Нигористон

Тақвим