Таҷлили Наврӯз дар Брюссел

28.03.2022 12:25

26 марти соли 2022 дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Белгия ҳамоиши ҳамватанони бурунмарзӣ ба ифтихори фарорасии Наврӯзи ҷаҳонафрӯз ва 30-ӯмин солгарди истиқрори равобити дипломатии байни ду кишвар баргузор гардид.

Дар суханронии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Эркинхон Раҳматуллозода паҳлуҳои мухталифи ин ҷашни қадимтарини мардуми порсигӯ инъикос ёфт.

Фазои тарабангези ин иди миллии мо бо таронаҳои дилангези Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатманди Хол ва рақсҳои зебои ҳозирин ҳамроҳ буд.

  •  
  •  

 

 

Нигористон

Тақвим