21 марти соли ҷорӣ бо ташаббуси Сафорати Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Мамнӯъгоҳи миллии таърихию бадеии Гобустони Озарбойчон фестивали “Оши Палов” бахшида ба Иди Наврӯз баргузор карда шуд.
Дар фестивали мазкур муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Озарбойҷон Элнур Алиев, вакили парлумон Айдин Ҳусейнов, Раиси ҳокимияти иҷроияи вилояти Гарадаги Ҷумҳурии Озарбойҷон Сулаймон Микаилов, Сафирони Ҳиндустон, Туркия, Давлати Қатар, Покистон, намояндагони дигар сафоратҳо, созмонҳо, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Сафири Тоҷикистон дар баромади худ қайд намуд, ки Наврӯз ва дигар ҷашнҳои миллии тоҷикон - Сада ва Меҳргон падидаҳои нодире мебошанд, ки дар тӯли таърихи чандинҳазорсола ҳамчун омилҳои пояндагии тоҷикон нақши барҷаста бозидаанд.