Мулоқот бо вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон

23.03.2022 19:14

22 марти 2022 мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва муовини вазири корҳои хориҷӣ Шараф Шерализода бо вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Ҳамроев баргузор гардид.

Вазирон роҷеъ ба ҷанбаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар ростои татбиқи пайгиронаи мувофиқаҳои ҳосилшуда миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон мубодилаи афкори судманд анҷом дода, зарурати густариши он дар доираи абзорҳои ҳамкории ду кишвар, нишастҳои гурӯҳи кории муштарак оид ба масъалаҳои об ва чорабиниҳои байналмилалии дарпешистодаи Тоҷикистон дар Душанбе ва Ню-Йоркро таъкид карданд.

Дар ин росто қайд шуд, ки рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои мавриди салоҳияти ду сохтор метавонад омили муҳими таъминкунадаи рушди баъдии кишварҳо гардад.

Uzb-kh.jpeg

 

Нигористон

Тақвим