Мулоқот бо вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ

23.03.2022 10:44

22 марти соли 2022 дар шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҳошияи нишасти 48-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории исломӣ (СҲИ) бо Вазири корҳои хориҷии Подшоҳии Арабистони Саудӣ Файсал ибни Фарҳон Оли Сауд вохӯрӣ намуд.

Ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои тавсеаи ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва илмию фарҳангиро баррасӣ намуданд. Ҳамсӯҳбатон роҷеъ ба вазъи кунунии амниятӣ дар минтақа ва роҳандозии ҳамкориҳои муштараки судманд ҷиҳати мубориза бар зидди таҳдиду чолишҳои муосир табодули ақида карданд. 

Дар мулоқот инчунин дигар масъалаҳои марбут ба тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар чорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

AS.jpg

Нигористон

Тақвим