Нишасти шашуми Кумитаи байналмилалии машваратӣ оид ба Раванди оби Душанбе

21.03.2022 19:06

20 марти соли 2022 дар шаҳри Дакари Сенегал муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Шерализода дар нишасти шашуми Кумитаи байналмилалии машваратии Раванди оби Душанбе ҷиҳати пешбурди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки таҳти раёсати ҳамраисони Кумита роҳбари Котиботи Конфронс Султон Раҳимзода ва мудири бахши сиёсати оби Бонки ҷаҳонӣ хонум Ҷениффер Сара баргузор гардид, иштирок намуд.

Ш.Шерализода аъзои Кумитаи байнамилалии машваратиро дар бораи рафти омодагӣ ба баргузории Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки 6-9 июни 2022 дар Душанбе доир мегардад, нишос намуд.

Дар ҷаласа Барнома, панелҳои интерактивӣ, санадҳои чорабинӣ ва дигар мушаххасоти Конфронси дуюми Душанбе ба мақсади фарогир сохтани ҳадаф ва мавзӯъҳои он муҳокима гардида, вазифаву нақшаҳои баъдӣ то баргузории чорабинӣ дар Душанбе муайян шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки Кумитаи байналмилалии машваратии Раванди оби Душанбе бо 30 коршиноси варзидаи соҳаи об аз минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ва дигар тарафҳои манфиатдор таъсис ёфта, то имрӯз панҷ ҷаласаи он доир гардида буд.

21.03.2022.19.05.jpeg

21.03.2022.19.06.jpeg

Нигористон

Тақвим