Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Муовини Губернатор

16.03.2022 16:02

15 марти соли 2022 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо Муовини Губернатори ҳавзаи мухтори Ханты-Мансийск-Юграи Федератсияи Россия Забозлаев Алексей баргузор гардид.

Зимни суҳбат ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳои миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва ҳавзаи  мухтори  Ханты-Мансийск-Юграро баррасӣ карданд.

Зарурати густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ, ҷалби сармоя, инчунин таъсиси корхонаҳои муштарак қайд карда шуд.

Ҳамзамон маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, ба вежа соҳаи маориф ва илм, аз ҷумла омода намудани мутахассисони баландихтисос, инчунин татбиқи лоиҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

А. Забозлаев ҷониби Тоҷикистонро  ҷиҳати иштирок кардан дар IT-форум, ки баргузории он  7-9 июни соли ҷорӣ дар ҳавзаи мухтори Ханты-Мансийск-Югра ба нақша гирифта шудааст, даъват намуд.

Дар фарҷоми мулоқот мусоҳибон ҳавасмандии худро баҳри таҳкими ҳамкориҳо миёни  минтақаҳои Тоҷикистон ва Ханты-Мансийск-Югра  изҳор карданд.

15-03-2022-1.jpg

15-03-2022-2.jpg

 

 

Нигористон

Тақвим