Мулоқот бо раиси Кумитаи давлатии гумрук

11.03.2022 15:53

9 марти соли 2022 вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо раиси Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон Акмалхуҷа Мавлонов доир гардид.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба густариши ҳамкориҳо миёни ниҳодҳои дахлдори ду кишвар изҳори назар намуда, омодагии хешро вобаста ба тақвияти робитаҳо дар  низоми гумрукӣ ва мусоидат намудан дар ҳамлу нақли молу маҳсулот иброз доштанд.

Дар рафти вохурӣ Сафир аз Маркази миллии кинологии Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон дидан намуд. Ҳамзамон дар асоси ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз тарафи Маркази мазкур ба сохторҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 адад сагҳои махсуси омӯзонидашуда туҳфа хоҳад гашт.

photo-2022-03-09-18-18-54.jpg

photo-2022-03-10-14-29-15.jpg

 

Нигористон

Тақвим