Сафари кории Сафири Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Бошқирдистон

05.03.2022 18:22

3 марти соли 2022 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Россия  сафари корӣ анҷом дод.

Дар доираи  сафари корӣ Д. Гулмаҳмадзода бо Роҳбари Ҷумҳурии Бошқирдистон Радий Хабиров мулоқот кард. Мусоҳибон оиди вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳо миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва Бошқирдистон дар соҳаҳои иқтисоду савдо табодули афкор намуданд. Аз ҷумла, зарурати густариши ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ,  бахши агросаноатӣ, ҷалби сармоя, ташкили корхонаҳои муштарак, маориф ва илм, аз он ҷумла омода намудани мутахассисони баландихтисос ва татбиқи лоиҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ таъкид карда шуд.

Ҳамчунин Сафири Тоҷикистон бо Президенти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Бошқирдистон Тимур Ҳакимов мулоқот анҷом дод. Зимни суҳбат масоили муҳими рушди ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла ташкили форуми тиҷорӣ муҳокима гардид.

Д. Гулмаҳмадзода аҳаммияти тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо ва афзоиши гардиши молу маҳсулот миёни минтақаҳои Тоҷикистон ва Бошқирдистонро муҳим арзёбӣ кард.

Дар рафти вохӯрӣ доираҳои тиҷоратии минтақа, ки ҳавасманди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ҳастанд, ширкат варзиданд.

IMG-20220304-211152-536.jpg

IMG-20220304-211150-084.jpg

IMG-20220304-211156-907.jpg

IMG-20220304-211155-240.jpg

 

Нигористон

Тақвим