2 марти соли 2022 мулоқоти Cафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон Назирмад Ализода бо муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Нуран Ниязалиев баргузор шуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистонро бо тамаркуз ба густариши пайдарпайи он муҳокима намуданд. Гузашта аз ин, аҳаммияти нақши ҳамоҳангсози мақомоти корҳои хориҷӣ дар самти мувофиқасозии чорабиниҳо байни вазорату идораҳои ду кишвар дар соли 2022 таъкид гардид.
Мулоқот дар фазои созандаи корӣ баргузор шуд.