Мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  сафири Подшоҳии Норвегия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

02.03.2022 11:39

 1 марти соли 2022 сафири навтаъйини Подшоҳии Норвегия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҷон Микал Квистад нусхаи эътимодномаи худро ба муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода супорид.

 Зимни мулоқот ҷонибҳо дар бораи самтҳои авлавиятноки ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ  табодули назар карданд.

Музаффар Ҳусейнзода ҷаноби Квистадро ба муносибати таъин шуданаш ба вазифаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Норвегия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба ӯ дар фаъолияти корӣ барору комёбӣ таманно намуд.

IMG-4208.jpg

 

Нигористон

Тақвим