1 марти соли 2022 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Руминия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мадалина Лупуро қабул кард.
Дар рафти суҳбат ҳамсуҳбатон ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳо ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи муштаракро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин оид ба таҷлили 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Руминия табодули назар карданд.