Мулоқотҳои Сафири Тоҷикистон дар Нидерланд

28.02.2022 16:58

Дар ш. Гаага мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Эркинхон Раҳматуллозода бо Директори кулли Департаменти “Рушди сабз”-и Вазорати корҳои хориҷии Подшоҳии Нидерланд Сафири вижа оид ба рушди мустадом Рене ван Ҳелл баргузор гардид.

Ду ҷониб зимни баррасии ҷомеи масоили муносибатҳои тарафайн ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Нидерланд дар мавзуоти об, ки ҳар ду кишвар дар он пешсаф ҳастанд, таъкид намуда, аз нияти ширкати фаъоли Подшоҳии Нидерланд дар конфронси қарибулвуқуъи об дар Душанбе истиқбол намуданд. Ҳангоми мулоқот Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон даъватномаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба номи Сарвазири Нидерланд Марк Рютте ба ҷаноби Рене ван Ҳелл тақдим намуд.

Худи ҳамон рӯз дар шаҳри Делфти Нидерландия мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ректори Институти оби Делфт, ки дар ҷаҳон маъруф аст, профессор Эдди Моорс баргузор гардид.

Ҳамсӯҳбатон дар мавзӯи ҳамкориҳои босамари кишварҳо дар масоили об мубодилаи афкор намуда, дар бораи мушахассоти Конфронси қарибулвуқуъ дар Душанбе, ки зимни ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон сурат хоҳад гирифт, ибрози андеша намуданд.

Профессор Э. Моорс ба фаъолиятҳои кишвари мо дар бахши рӯзномаи умумиҷаҳонии об баҳои баланд дода, аз омодагии хеш барои ширкат дар Конфронси оби Душанбе (июни соли 2022) ва Конфронси оби Ню-Йорк (марти 2023) иттилоъ дод.

28.02.2022.16.58.jpg

28.02.2022.16.57.jpg

Нигористон

Тақвим