Номнависии ширкаткунандагон дар Конфронси дуюми Душанбе

25.02.2022 18:06

Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” таҳти унвони “Такон бахшидан ба амалҳо ва шарикӣ дар соҳаи об дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ” аз 6 то 9 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Конфронс аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон ташкил гардида, ҳамчун занҷираи марказӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати Даҳсолаи об (Ню-Йорк, 22-24 марти соли 2023) хоҳад буд.

Торнамои Конфронс (www.dushanbewaterprocess.org), саҳифаҳои иҷтимоӣ дар твиттер (@DWaterProcess) ва фейсбук (Dushanbe Water Process) мунтазам бо маълумоти нав таҷдид мегарданд.

Аз ҳайатҳои расмии кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, ниҳодҳои молиявӣ, ташкилоту коршиносони соҳа ва дигар ҷонибҳои алоқаманд хоҳиш карда мешавад, ки худро ҷиҳати иштирок дар Конфронси дуюми Душанбе тавассути пайванди www.dushanbewaterprocess.org/registration/ то 20 майи соли 2022 номнавис намоянд.

17.05.2022.11.32.jpg

 

Нигористон

Тақвим