Муроҷиат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Украина қарор доранд

24.02.2022 11:21

Бинобар аз ҷониби мақомоти Украина аз 24 феврали соли 2022 ҷорӣ шудани ҳолати ҳарбӣ дар тамоми ҳудуди кишвар, Вазорати корҳои хориҷӣ аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави Украина қарор доранд, хоҳиш менамояд, ки дастуру ҳидоятҳои ҷоригардидаи ситодҳои оперативиро қатъиян риоя намоянд, ботаҳаммул бошанд ва то ҳадди имкон манзилашонро тарк накунанд.

Дар сурати пайдо шудани мушкилот дар қаламрави Украина шаҳрвандони мо метавонанд ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина аз рӯи хатти алоқаи доимии рақами +380933361040 муроҷиат кунанд.

Нигористон

Тақвим